Боздошти гурӯҳи ҷиноятпеша дар вилояти Хатлон

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти гурӯҳи ҷиноятпешае хабар медиҳад, ки пеш судшудаву пас аз озод шудан боз ҷиноят содир кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ин гурӯҳи ҷиноятпеша, ки мардуми вилояти Хатлонро ғорат кардаанд, аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии РВКД дар вилояти Хатлон ва кормандони ШВКД дар шаҳри Бохтар, дар пайи аризаҳои сокинони шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён, Шаҳритӯс, Н.Хусрав ва Восеъ, ошкор шудаанд.

"Панҷ нафар аз гумонбарони дуздии моликияти шаҳрвандон, ки пеш суд шудаву баъди адои ҷазо кардан ва ба озодӣ баромадан, дар ҳолати такрорӣ ва ретсидив боз даст ба содир намудани чинояти дуздӣ задаанд, дастгир шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Инҳо сокинони ноҳияи Шаҳритӯс: Нажмиддинов Парвинҷон, соли таваллудаш 1994, пеш як маротиба бо моддаи 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Мирзошарипов Рустам, соли таваллудаш 1970, пеш се маротиба бо моддаҳои 247 ва 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст. Саидалов Шамсулло, соли таваллудаш 1994 мебошанд, ки дар 9 ҳолати дуздии чорвоҳои калони шохдор ва чорвоҳои хурди сокинони ноҳияи Шаҳритӯс ва ноҳияи Н.Хусрав гумонбар дониста мешаванд.

Ахбори ВУД: ғоратгарӣ дар Данғараю кордзанӣ пеши бозори “Суғдиён”

Ду нафар аз сокинони ноҳияи Панҷ, Азизов Суҳроб соли таваллудаш 1994, пеш як маротиба бо моддаи 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва Ҳасанов Алимардон соли таваллудаш 1999, пеш се маротиба бо моддаҳои 247 ва 244 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва дар дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ, нуқрагӣ, ашёҳои рӯзгори сокинони шаҳри Бохтар, ноҳияҳои Кушониён ва Восеъ даст задаву дар 4-ҳолати дуздии моликияти шаҳрвандон гумонбаранд ва бо ин амалҳояшон ба ҷабрдидагон зарари калони молӣ расонидаанд.

Боздошти ду ҷавон ба иттиҳоми ғоратгарӣ дар шаҳри Душанбе

Феълан бо қарори Суди шаҳри Бохтар нисбати гумонбаршудагон чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ татбиқ шуда, дар шуъбачаҳои тафтишотии РВКД дар вилояти Хатлон ва ШВКД дар шаҳри Бохтар парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.