Зиндонҳои Тоҷикистон: гулӯдард ҳаст, пневмонияву “вируси корона” нест

Фақат дар ду муассисаи ислоҳӣ тайи рӯзҳои ахир 40 нафар ба бунгоҳҳои тиббӣ аз баланд шудани ҳарорату дардҳои мухталиф шикоят бурдаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апрел – Sputnik. Мансурҷон Умаров, сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, танҳо дар зиндонҳои Ваҳдату Душанбе ҳудуди 40 нафар ба бунгоҳҳои тиббӣ муроҷиат кардаанд, ки аз онҳо тақрибан 5 нафар ҳоло тадовӣ мешаванд.

"Зиндонҳо бе корона": Мансурҷон Умаров дар бораи ҳифз ва раҳоии зиндониён

“Воқеан, пас аз тасф ба бунгоҳҳои тиббӣ муроҷиат карданд. Аксаран одамони рӯзадоре ҳастанд, ки пас аз кушодани рӯза оби хунук хӯрда, ба дарди гулӯ ё ангинаву дигар маризиҳои сабук гирифтор шуданд. Аксарият таҳти тадовӣ гирифта ва рухсат шуданд”, - гуфт Мансурҷон Умаров.

Қаблан Эътилофи алайҳи шиканҷа, иттиҳоди созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар хоста буданд, ки дар чаҳорчӯби мубориза алайҳи “вируси корона” ё COVID-19 ҳуқуқи зиндониён муроот шавад.

“Вазъияти COVID-19 воқеан зарурати эҷоди як режими хосро мекунад, аммо дар айни ҳол, бояд риояти ҳуқуқ башар, аз ҷумла дар робита ба зиндониён ва ҳамчунин эҳтиром ба озодии иттилоот ва баёни назар тазмин шавад", - омадааст дар номаи Эътилоф ба вазорати адлияи Тоҷикистон.

Мансурҷон Умаров мегӯяд, то ба ҳол ягон маризии сироятӣ вориди зиндонҳо нашудааст ва нигарониҳо дар бора асос надоранд.

Карабиненко фарқи байни пневмония ва коронавирусро дар Тоҷикистон шарҳ дод

“Он чӣ ба риояти ҳуқуқи зиндониён бармегардад, ин аст, ки як сол ба ин сӯ зиндонҳои Тоҷикистон ба истиснои бунгоҳҳои тиббӣ, аз госпитал ё беморхонаи вижа низ бархӯрдоранд. Мо беҳтарин мутахассисонро аз вазорати тандурустӣ хоста, дар он ҷо ба кор гумоштаем. Ҳайати духтурони беморхона пурра ва бидуни камбудӣ аст. Дар ҳолатҳои зарурӣ барои ташхис беҳтарин пизишкони кишварро низ ба кори он ҷалб мекунем”, - гуфт сардори Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон.

Шурӯъ аз 31 марти соли равон вазорати адлияи Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз вуруди “вируси корона” ба зиндонҳо мулоқотҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддат ва дастрасии зиндониён ба дастовезҳои наздиконашонро муваққатан қатъ кард.

Марги Абдуалӣ Тоиров: пирӣ, пневмония ё “вируси корона”?

Зиндонҳо дар саросари ҷаҳон ба яке аз хатарноктарин маконҳои шуюъи "вируси корона" табдил ёфта, бархе кишварҳо ҳатто зиндониёни худро раҳо ё авф намуданд, ба истиснои онҳое, ки ҷиноятҳои сангин, аз қабили терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, қатлу куштор ва ғайраро муртакиб шудаанд.

Қаблан Мансурҷон Умаров ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки масъалаи раҳоии зиндониён дар ҳоли шуюъи "вируси корона" ба Додситонии кул, Суди Олӣ ва дигар мақомоти зидахл рабт мегирад ва дар ҳоли пеш омадани вазъи хос маҳз онҳо ҳаққи гирифтани тасмимро доранд.