ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон ва инчунин соҳибкорон ба донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ дар Челябинск кумак карданд.
Ҳамзамон кумаки хӯроквориро дар арафаи моҳи шарифи Рамазон ба донишҷӯёни тоҷик расонданд. Гуфта мешавад, аз ин кӯмакҳо беш аз 300 нафар бархӯрдор шуданд.
Се мошини боркаш ҳомили орд, ғалладона, равған, тухм ва сабзавот ба шаҳраки донишҷӯён ворид шуда, ба муҳассилини тоҷик тақсим карда шуд.
Охирин омор: Гирифторони коронавирус дар ҷаҳон ба 3 миллион наздик шуд
Зикр мегардад, ки бастаҳои маводи ғизоӣ ба донишҷӯён супурда шуда, онҳоро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон табрик намуданд.
Бо авҷ гирифтани маризии коронавирус дар ҷаҳон аксар шаҳрвандони кишвар ба Тоҷикистон баргаштанд, вале бо масдуд шудани равобити ҳавоӣ ваа заминӣ аксар шаҳрвандони тоҷик дар кишвари иқоматашон дармонданд.
Зимнан, бо эълон шудани қарантин ва режими хонашинӣ, муҳоҷирон ва донишҷӯёни тоҷик ба мушкили молиявӣ дучор шуданд.
Дар Русия феълан гурӯҳҳои ихтиёриён ва нафарони дороманд ба оилаҳои ниёзманд кӯмакҳои молӣ ва озуқаворӣ мерасонанд.