ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Студияи Qiam Entertainment намоҳанги ҷадиди Нигина Амонқуловаро нашр кардааст, ки дар он ҳудуди 40 ситораи шоубизнеси тоҷик иштирок кардаанд.
Дар муаррифиномаи намоҳанг омадааст, ки матни суруд моли рӯзноманигор ва шоир Орзу Исо буда, оҳанги онро худи Нигина Амонқулова эҷод кардааст. Дар соатҳои аввал намоҳангро наздики 15 ҳазор нафар тамошо карда, беш аз 1 ҳазор нафар писандидаанд.
Дар клип ситораҳои шинохтаи тоҷик аз реперҳо то ровиёну ҳунарпешаҳо иштирок кардаанд.
Qiam Entertainment ҳамоиши ҳудуди 40 ситораро дар намоҳанги Амонқулова далели эҳтиром ва дӯстӣ дар бахши мусиқии Тоҷикистон хондааст.