ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Масъулини меъмории Душанбе лоиҳаи ангоравии шабакаи байналмилалии тарабхонаҳои хӯроки умумии KFC - "Kentucky Fried Chicken"-ро дар саҳифаи меъмории пойтахти Тоҷикистон нашр кардаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои KFC, дар хиёбони Рӯдакӣ 33А бунёд ва ифтитоҳ хоҳад шуд. Ба иттилои шаҳрдорӣ, таҳиягари тарҳи KFC дар Душанбе корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш" мебошад.
Ин бори нахуст мебошад, ки шабакаи байналмилалии маъруфи хӯроки умумӣ дар пойтахти Тоҷикистон тарабхона мекушояд.