Бархӯрди “Опел” ва “Нексия” бо марги кӯдаки роҳгузар анҷомид

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор дар ҷамоати деҳоти Кӯлоб хабар дод, ки дар натиҷаи он духтараки ноболиғ ба ҳалокат расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ҳодиса  25-уми апрели соли равон, тахминан соатҳои 16:40 рух дод.

Ҳалокати комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон дар садамаи нақлиётӣ

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Шарифов Фирӯз Маҳмадхуҷаевич, соли таваллудаш 1995, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат аз самти ҷамоати деҳоти Кӯлоби шаҳри Кӯлоб ба самти ноҳияи Восеъ, дар деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Кӯлоб, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “Нексия”, таҳти идораи ронанда, Шарифов Аскар Абдулманонович, сокини 40-солаи ҷамоати деҳоти Танобчии ноҳияи Темурмалик, бархӯрдааст”, - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки “Опел” дар пайи бархӯрд бо “Нексия”  ба самти муқобили роҳ баромада, пиёдагарди хурдсол, Ҳукуматова Садафмоҳ, зодаи соли 2009, сокини ҷамоати деҳоти Кӯлобро зер намудааст.

Ба иттилои ВУД,  Садафмоҳи хурдсол дар пайи садама ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расидааст.

Мақомоти умури дохилӣ таъкид карданд, ки ҳодисаи мазкур феълан мавриди таҳқиқ қарор дорад.