Ҷасад мекофтанд: полиси Афғонистон панҷ сокини Тоҷикистонро озод кард

Ин панҷ нафар дар ҳоли ҷустуҷуйи ҷасади як сокини ғарқшудаи шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар рӯдхонаи Панҷ буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Панҷ сокини вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин минтақа мебошанд, пас аз чанд рӯз аз боздошти полиси ноҳияи Ишкошими Афғонистон озод шудаанд, гузориш медиҳад "Парс тудэй" дар истинод ба  сомонаи Ахбори Осиёи Марказӣ.

Гуфта мешавад, ин панҷ нафар дар ҳоли ҷустуҷуйи ҷасади як сокини ғарқшудаи шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар рӯдхонаи Панҷ буданд, ки ба дасти полиси Афғонистон боздошт ва акнун озод шудаанд.
Ноамнӣ дар наздикии марзи Тоҷикистон: даргирии артиши Афғонистон бо ҷангҷӯёни Толибон

Мақомоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо таъиди хабари озодии ин панҷ корманди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин минтақа гуфтаанд, ки онон ба муддати 14 рӯз карантин хоҳанд шуд то аз мубтало нашудани ин афрод ба вируси корона дар замони боздошташон дар Афғонистон итминон ҳосил шавад.

Шарти полиси вилояти Бадахшони Афғонистон барои озодии ин кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Бадахшони Тоҷикистон равшан нест.

Қаблан мақомоти интизомӣ ва марзбонии Афғонистон барои озодии шаҳрвандони Тоҷикистон, иқдоми мушобеҳи тоҷикҳо барои раҳоии қочоқбарон ё шаҳрвандони боздоштшудаи ин кишвар дар Тоҷикистонро ба унвони шарт матраҳ мекарданд.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

Қаблан мақомоти вилояти Бадахшони Тоҷикистон нигарон буданд, ки ин панҷ нафар ба дасти гурӯҳи Толибон гирифтор шуда бошанд, ки акнун дар аксаре аз манотиқи марзи муштарак бо Афғонистон ҳузур доранд.