ВКД гуфт, ки чаро шабҳангом дезинфексияи коронавирус карду аз кадом маҳлул истифода бурд

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар гузорише тавзеҳ додааст, ки чаро дар маркази Душанбе корҳои безараргардониро шабҳангом анҷом дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Тавре дафтари матбуоти ВКД менависад, дар Шуъбаи  махсуси карантинии милитсияи ВКД дастаи тамъизкунӣ  ташкил карда шуд. Ин даста ҷойҳои ҷамъиятӣ, хиёбону гулгашт, боғу майдонҳои пойтахтро дезинфексия мекардааст.

ВКД: ба овозаи аз коронавирус мурдани одамон дар Тоҷикистон бовар накунед

"Дар ин ҷойҳо аз маҳлули гипохлориди натрий коркардшуда, чорабиниҳои безараргардонӣ доир карда истодаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҳамчунин дафтари матбуот шабҳангом анҷом додани чунин корҳоро тавзеҳ додааст. Ёдрас мешавем, навори безараргардонии кӯчаҳои марказии пойтахт дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, баҳсҳоеро ба миён оварда буд.

Ҳамин тавр, ВКД менависад, "бо мақсади халалдор накардани истироҳат, сайру гашт ва фароғати шаҳрвандон, чунин як чорабинии безараргардонӣ аз вирус шабонгоҳ дар мавзеи гулбоғи "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе гузаронида шуд" .

"Дастаи тамъизкунии (дезотряд) Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи ВКД бо автомашина, дастгоҳу воситаҳои хос, либос, дастпӯшҳо, ниқобҳои махсуси зидди кимиёӣ таъмин буда, барои безараргардонии муҳити атроф аз вирус маҳлулҳои кимиёии (ган, неатсидол, ратсидол, алмадез, формалин, параформ) ва ғайраҳоро истифода мебаранд", - афзудааст манбаъ.

Пешниҳоди хизматрасонии нави ВКД Тоҷикистон: дизинфексияи пулакӣ

Гуфта мешавад, ба хусус он мавзеъҳое, ки дар ҳудуди маҳаллу шаҳракҳо барои патовгоҳ ҷудо гардидаанд, атрофи партовгоҳҳо низ барои бехатарии сокинон аз ҳар гуна таҳдидҳои сироятёбӣ бо истифода аз маҳлулҳои кимиёӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе аз тарафи дастаи тамъизкунии (дезотряд) Шуъбаи махсуси карантинии милитсияи ВКД чорабинии безараргардонӣ доир карда шуд.

Чунин чорабиниҳои кимиёии зидди вирус дар дигар вилояту шаҳр ва ноҳияҳои мамлакат баҳри мубтало нагардидани шаҳрвандон ба бемории коронавирус гузаронида мешавад.