Посухи Шурои уламо: ҳангоми рӯзадорӣ сӯзандору гузаронидан ҷоиз аст?

Шурои уламо пештар низ дар як муроҷиаташ ба сокинони Тоҷикистон, вобаста ба фаро расидани моҳи Рамазон, гуфта буд, ки беморон аз рӯзадорӣ озоданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Шурои уламои Тоҷикистон дар посух ба суоли як корбари вебгоҳаш, тавзеҳ додааст, ки оё ҳангоми рӯзадорӣ сӯзандору гузаронидан ҷоиз аст ё на.

Муфтӣ гуфт, ки дар замони коронавирус чигуна бояд рӯза дошт
Тавре манбаъ менависад, табобат ба воситаи сӯзандору ҳангоми гирифтани рӯза ҷоиз нест, он рӯзаро мешканад.

"Истифодаи сўзандору дар ҳолати рўза ҷоиз нест, зеро ҳар чизе, ки вориди бадан мешавад, рўзаро мешиканад", - омадааст дар посухи уламо.

Пештар шуро дар як муроҷиаташ гуфта буд, ки як гурӯҳ мусалмонон, аз ҷумла беморон аз доштани рӯза озоданд.

Ба гуфти Шурои уламо, шахсони бемор, мусофир, занони ҳомиладор, заноне, ки кўдаки ширхора доранд, гуруснагӣ ё ташнагии шадид, ки боиси ҳалокат ва ё беморшавии рўзадор мегардад, пиронсолӣ, инчунин дар ҳолати маҷбур кардан барои хўрдани рўза бо роҳи зўроварӣ озоданд.

Пешгирии фурӯши наздики 100 тонна хурмои хушк:  мехостанд аз Рамазон истифода кунанд

“Дар ҳолатҳои зикршуда, вақте ки узрҳои шаръӣ бартараф шуд, қазо воҷиб мешаваду бас. Далелҳое, ки дар боло зикрашон рафт ва ба хўрдани рўза сабаб мегарданд, дар “Мухтасар-ул-виқоя” ва шарҳҳои он, "ҳидоя" ва шарҳҳои он ва дигар китобҳои фатвои муътабари мазҳаби ҳанафӣ дарҷ шудаанд”,-гуфтааст Шурои уламо.