Шаш рӯзи дигар то 80 – солагӣ: даргузашти генерал Абдулло Ҳабибов

Генерал Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ ва раиси Анҷумани дӯстии Русияву Тоҷикистон даргузашт. 1 май ӯ ба синни 80 мерасид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апрел – Sputnik. Ба қавли наздикон, ӯ сиҳатии хуб дошт ва пушти кору бори худ буд, аммо тақрибан соати 12 – и шаб вазъаш ба вахомат гароид ва ҷон ба ҷонофарин таслим намуд.

“Як рӯзи қабл китоберо, ки барои иштирокчиени Ҷанги Бузурги Ватанӣ омода карда буд, ба чопхона супурда буд”, - гуфт наздики ӯ.

Генерал – майор Абдуллоҳ Ҳабибов 1 майи соли 1940 дар деҳаи Даштиҷуми ноҳияи Муӯъминободи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) дида ба олам гушуда, мактаби миёнаро дар зодгоҳ хатм карда, маълумоти олиро дар Донишгоҳи давлатӣ (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) – и Тоҷикистон ба даст овардааст.

Аввалин духтур ва корманди Кумитаи сармоягузорӣ: ду фавти дигар дар "Якум Советски"

Хатмкардаи Академияи улуми ҷамъиятии назди Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Маскав буда, унвони номзади улуми таърихро низ дорад.

Дар вазифаҳои раҳбари Шӯъбаи идеологии Кумитаи марказии Иттиҳоди ҷавонони Тоҷикистон, мушовир (референт) – и аршади Дастгоҳи Шӯрои вазирони Тоҷикистон, сардори Шӯъбаи сиёсии Вазорати корҳои дохила, раиси Кумитаи қонунгузорӣ, амният ва ҳифзи ҳуқуи Шӯрои Олӣ, муовини раиси Кумитаи гумрук, мудири Шӯъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон кор карда, ба нафақа баромадааст.

Абдулло Ҳабибов аз соли 2006 ба ин сӯ як Анҷуман ё Ҳаракати дӯстони Русияро раҳбарӣ мекард ва соли 2014 раҳбари Маҳфили коршиносони Осиёи Марказӣ – “Рушди Авруосиё” низ интихоб шуда буд.

Ҷанозаи марҳум имрӯз, 25 апрел, пас аз намози пешин баргузор мешавад.