Ноболиғ дар рӯзи равшан сокини 16 - солаи Ваҳдатро корд зад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ноболиғи 17 - сола хабар медиҳад, ки дар расондани зарари вазнини ҷисмонӣ гумонбар дониста мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 17 - солаи шаҳри Ваҳдатро дастгир намуданд, ки ҳамчун гумонбар дар қасдан расондани зарари вазнин ба саломати муттаҳам дониста мешавад.

Кордзанӣ ва латту кӯби ҷавони 22-сола дар Душанбе

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, номбурда санаи 24-уми апрели соли 2020, тахминан соати 11:30-дақиқа, дар кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат бо корд ба бадани ноболиғи 16-солаи сокини шаҳри мазкур, 1-маротиба задааст.

Кордкашӣ дар Шӯробод: марди 63-сола ба қисмати чапи қафаси синаи ҳамшаҳрияш корд задааст

Манбаъ меафзояд, дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.