Вазорати меҳнат: дар Тоҷикистон коронавирус нест, аммо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмист

Масъулини Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон бо сокинони Конибодом дар як ҳамоиши хос масоили баланд бардоштани савияи дониш ва таълиму тарбияи фарзандон, инчунин баррасии масъулияти волидайнро баррасӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Дар ин ҳамоиш масоили рафтору кирдори хонандагон, хониши онҳо, иштироки онҳо дар дарс, худдорӣ аз оворагардӣ, тарзи муошират, истифодаи телефонҳои мобилӣ, даст назадан ба ҷинояткорӣ, аз ҷониби падару модарон зери назорати доимӣ  қарор гирифтани фарзандон ва рафтори онҳо, ки қонунгузории Тоҷикистон ба дӯши волидайн вогузор намудааст баррасӣ шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Хона ба хона мегарданд: мақомдорони тоҷик сокинонро аз паҳншавии коронавирус огоҳ доранд

Тибқи иттилои манбаъ, ин ҳамоиш дар Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии саноати дӯзандагӣ”- и шаҳри Конибодом бо иштироки намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи тиб, кормандони муассиса ва падару модарони таълимгирандагон мулоқот баргузор гардид.

Манбаъ мегӯяд, ҳадаф аз баргузории ҳамоиш ин баланд бардоштани савияи дониш ва таълиму тарбияи фарзандон, инчунин баррасии масъулияти волидайн дар ин самт арзёбӣ гардид.

“Падару модарон вазифадоранд ба рафтори фарзандонашон диққати ҷиддӣ диҳанд, зеро тарбия аз оила оғоз мешавад ва рафтору гуфтори волидайн барои фарзанд бояд намунаи ибрат бошад”, - таъкид доштааст вазорати меҳнат.

Ҳамзамони дар рафти мулоқот намояндаи Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим оид ба навъи нави коронавируси COVID-19 ва пешгирӣ аз ин намуди беморӣ маълумоти мушаххас дода, зикр намуд, ки хушбахтона дар Тоҷикистон ин намуди беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳушдори “Ватандор”: Тоҷикистон ҳам дар гирдоби балои охирзамон – коронавирус афтод

“Боиси таассуф аст, ки дар дигар давлатҳои ба мо дўсту ҳамсоя бемории коронавирус ба қайд гирифта шуда, вазъият ташвишовар гардидааст. Тамоми олимон, духтурон кўшиш ба харҷ дода истодаанд, ки бар зидди бемории мазкур муборизаи беамон баранд”, – гуфт Ф. Садриддинова

Масъулин дар ин ҷаласа зикр карданд, ки сокинон бояд дар чунин шароит  ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар диққат дода, барои ҳифзи саломатии худ, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош намоянд.

“Бинобар ин ҳамаи моро зарур аст, ки баҳри солимии ҷомеа қоидаҳои ҳатмии беҳдоштиро ҳангоми сулфаю атса задан, пеш аз омода намудани хӯрок, истеъмоли ғизо ва корҳои ҷисмонӣ риоя намоем”, - таъкид кардааст Ф. Садриддинова.