ДУШАНБЕ, 24 апрел – Sputnik. Созмони ҷаҳонии беҳдошт қайд кардааст, ки шумори нафарони шифоёфта дар қаламрави кишварҳои узви ИДМ ба 10 612 нафар расидааст.
Дар ҳамин ҳол, шумори нафарони ҷонбохта ба 1 034 нафар расидааст.
Миёни кишварҳои узви ИДМ шумораи зиёди шахсони гирифтор ба COVID-19 дар Русия, ба қайд гирифта шуд. Дар ин кишвар дар давоми рӯз 5 849 ҳолати нави сироятёбӣ ошкор гардид. Дар умум дар Русия 68 ҳазору 622 нафар сироят ёфта, аз онҳо 5 568 нафар табобат шудаанд ва 615 нафари дигар фавтидаанд.
Дар Беларус ва Украина, мутаносибан 8 022 ва 7 647 нафар ба коронавирус мубтало шудаанд. Дар Беларус 60 нафар фавтида, 938 кас шифо ёфтаанд. Дар Украина нисбат ба Беларус шумораи ҳолатҳои фавт зиёдтар буда, 193 нафарро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар он 601 нафар табобат шудаанд.
Дар Молдова 2 926 ҳолати сироятёбӣ тасдиқ гардида, аз онҳо 755 нафар шифо ёфтаанд ва 80 каси дигар вафот кардаанд.
Дар се кишвари Осиёи Марказӣ — Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон шумораи беморони сироятёфта мутаносибан 2 334, 1 778 ва 656 нафарро ташкил медиҳад.
Дар Қазоқистон шумори фавти беморони коронавирус ба 24 нафар расид.
Дар ин кишва аз шумораи умумии сироёятшудагон 568 нафар шифо ёфтаанд. Дар Ӯзбекистон беморони шифоёфта 592 нафарро ташкил дода, 7 каси дигар вафот кардаанд. Дар Қирғизистон 322 нафар табобат шуда, 8 каси дигар фавтидаанд.
Шумораи мубталоёни COVID-19 дар Арманистон имрӯз 73 нафар зиёд шуда, ба 1 596 нафар расид. Дар он 728 нафар шифо ёфта, 27 каси дигар вафот кардаанд.
Дар Озарбойҷон нишондоди гирифторони ин беморӣ 1 548 нафар буда, аз онҳо 948 нафар табобат шудаанд ва 20 кас фавтидаанд.
Миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар Афғонистони кишвари ҳамсоя бо Тоҷикистон шумораи мубталоён ба коронавирус ба 1 279 нафар расида, 179 нафари онҳо шифо ёфтаанд ва 42 тани дигар вафот кардаанд.
Тибқи омори ахири СҶБ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 736 ҳазору 160 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 191 ҳазору 421 нафар вафот карда, 751 ҳазору 781 кас шифо ёфтаанд ва 58 ҳазору 689 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.