Ҳабиб мусалмононро бо моҳи Рамазон табрик гуфт: "бояд бо бадӣ мубориза барем"

Қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов мақсади аслии моҳи Рамазонро дар кумак кардан ба мардум, барои беҳтар шудан медонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Қаҳрамони UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов тамоми мусалмонони дунёро бо фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборакбод гуфта ба онҳо таманно кард, ки аз бадӣ раҳо шаванд.

Ӯ орзу кард, ки аз файзи Худо дар моҳи Рамазон гуноҳҳони мусалмонон бахшида шавад. Дар баробари ин Ҳабиб Нурмуҳаммадов мақсади аслии моҳи Рамазонро дар кумак кардан ба мардум, барои беҳтар шудан медонад.

"Вақте аз Абдуллоҳ ибни Масъуд (Худо аз ӯ розӣ бошад) пурсиданд, ки моҳи Рамазонро чӣ гуна пешвоз гирифти, ӯ ҷавоб дод, ки ягон нафаре аз мо вақти фарорасии моҳи шарифи Рамазон заррае ҳам нисбати бародарони мусалмонамон бадбинӣ надоштем. Бигзор Худованд ба мо кумак кунад ва моро аз ин беморӣ, ки тамоми кишварҳоро ба коми худ кашид, раҳо кунад", - навиштааст варзишкор дар саҳифааш дар Instagram.

Ёдрас мешавем, пештар Ҳабиб Нурмуҳаммадов гуфта буд, ки дар моҳи шарифи Рамазон рӯза мегирад ва дар ин давра дар ягон рақобат ширкат намекунад.

Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки пас аз доштани рӯза дар давоми 45 рӯз барои барқарор шудани вазнаш лозим аст. Ҳамин тавр, рақобати навбатии варзишкор дар давраи тирамоҳ хоҳад гузашт.