Ҳушдори “Ватандор”: Тоҷикистон ҳам дар гирдоби балои охирзамон – коронавирус афтод

Ҷунбиши мухолифи "Ватандор" бо пахши як баёния аз оғози паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Дар ин баёния, ки рӯзи 23 апрел  дар "Facebook" мунташир шуд, ҷунбиши мухолифи "Ватандор", бо тамоми масъулият ва бо назардошти вазъият огоҳ кардааст, ки Тоҷикистон ҳам дар гирдоби балои охирзамон – коронавируси СOVID-19 афтода аст.

“Марг ҳар рӯз дари моро мекӯбад. Имрӯз ин душмани ноаёну нонамоён якеро паси дигар фурӯ мебарад. Кас намедонад фардо навбати кист? Вазорати тандурустии Тоҷикистон ошкоро мардумро гӯл мезанад, ки фавтидагон гирифтори пневмония буданд. Пас чаро чандин одамонро ҷаноза накарданд? Ҳатто чаро махфиёна гӯрониданд?!”, - таъкид доштааст ҷунбиши "Ватандор".

Дар баёнияи ҷунбиш зикр гардидааст, ки дар ин соатҳо, дар ин лаҳзаҳо фурсате барои кӣ гунаҳгору кӣ бегуноҳ аст, нест. Ҳар соат не, ҳар лаҳза ғанимат аст.

Раҳмон гуфт, чанд кас аз коронавирус, табларза ва шамолхӯрию майзадагӣ фавтид

“Вазъ махсусан дар Хуҷанд ва ноҳияҳои атрофи он, шаҳри Душанбе ваҳмангез аст. Сафар ба пойтахт ва Хуҷанд бояд тамоман манъ карда шавад. Бояд шитобон дар мактабу донишгоҳҳо таътил эълон кард. Бозорҳою фурӯшгоҳҳои калонро бояд баст. Ҳар амале, ки ҳаракат ва ба кӯчаю хиёбонҳо баромадани одамонро кам мекунад, равост”, - омадааст дар баёния.

Ҳамзамон “Ватандор”, таъкид кардааст, ки дар саросари Тоҷикистон таъҷилан бояд қарантина эълон кард.

“Ягона роҳ пешгирӣ аз сироят кардан ва ё гузаштани ин беморӣ аз каси дигар бар каси дигар аст”, - гуфта шудааст дар баёния.

Инчунин, ҷунбиши “Ватандор” аз мақомот хоҳиш кардааст, ки дар ин рӯзҳои мушкил набояд аз муҳоҷирони тоҷикистонӣ, ки дар кишварҳои дигар ҳастанд, махсусан Русия фаромӯш кард.

“Ба ҳар роҳу васила онҳоро бояд ба Ватан баргардонид, ё дар кишвари будубошашон кӯмак кард. Фаромӯш кардани онҳо мисли он аст, ки падару модаре фарзанди худро дар миёни оташ бигзоранду худ тамошогар бошанд.То ҳанӯз бори ҳукумат ва давлати Тоҷикистон дар дӯши муҳоҷир буд. Имрӯз бори нахуст бояд ҳукумат дар паҳлӯи ин ноноварон бошад!”, - гуфта шудааст дар баёния.

Дар баёнияи ҷунбиши  “Ватандор” ҳамчунин гуфта шудааст, ки имрӯзҳо барои ҳамаи тоҷикон давраи як имтиҳони бузург фаро расидааст, ки ҳамаи тоҷикон бо ҳам биёянд ва барои наҷоти ҳар як гирифтору мустаманд кӯмак расонанд.

Бо супориши Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе чораҳои зидди коронавирус пурзӯртар мешавад

“Як кас барои ҳама, ҳама барои як кас!
Ин бояд шиори мо дар ин набард бошад”, - омадааст дар баёния.

Дар ин баёния қайд карда шудааст, ки агар боз ба бозии марговари "ҳасту нест" идома бидиҳем, на Худо ва на Халқ моро намебахшад. !

“Ин сахлангорӣ не, бемасъулиятӣ не, одамкушист! Ҳар касе ки худро эҳтиёт кунад, ӯ ҳатман ҳаёти каси дигарро низ эҳтиёт менамояд. Мушкиле надорад дар хона нишастан, ниқоб (маска) пӯшидан, ба қоидаҳои оддии санитарӣ риоя кардан”, - таъкид доштааст ҷунбиши “Ватандор”.

Ҷубиши “Ватандор”, мегӯяд аз гуфтан, ки ба кишвари мо вирус наомад, ифтихор нест.

 “Ватандор” орзумандаст, ки тоҷикон бар ин вирус пирӯз меоянд.

Ёдрас мешавем, ки Додоҷон Атовуллоҳ дар соли 2007 дар Маскав эълом карда буд, ки ҷунбишеро бо номи "Ватандор" таъсис додааст ва шумори зиёде аз мухолифони давлати кунунӣ аъзои ин созмон ҳастанд.