Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Гирифтории як хонаводаи тоҷик дар ИМА ба COVID - 19 ва маслиҳат ба мардуми Тоҷикистон

Парвина Зуҳурова як зани тоҷики муқими Амрико дар наворе дар бораи гирифторӣ бо бемории кронавирус нақл кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Дар навор, ки дар фейсбук нашр кардааст, Парвина дар бораи таҷрибаи аз сар гузаронидаи худ нақл карда ба мардум маслиҳат медиҳад, ки ҳини пайдо шудани нишонаҳои коронавирус худро аз дигарон дур гиранд.

Ӯ мегӯяд, дар мублриза бо коронавирус нақши муҳимро иммунитети инсон мебозад ва агар масъунияти бадани одам мустаҳкам бошад, боке нест.

"Ман ва чор фарзандам масунияти боқувват дорем ва аз ин рӯ коронаро ба хубӣ паси сар кардем. Ман хастагиро эҳсос кардам, пушти сарам ва шикамам дард мекард. Нишонаҳояш дар ман ба зуком монанд буд. Фарзандонам ягон нишона надоштанд. Хушбахтона ба мо ин беморӣ онқатар таъсир накард. Вале, шавҳарам аз ин маризӣ хеле азият кашид", - гуфт Парвина.

Ба нақли ин зани тоҷик COVID -19 ба шушҳои ҳамсараш манфӣ таъсир кард ва шавҳараш наздик ба марг буд.

"Хушбахтона мо дар назди бемористон ба сар мебарем ва шавҳарам 14 рӯз дар бемористон табобат гирифт. Худоро шукр оло дар хона аст".

Натарсед! ифшогариҳои зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия бар коронавирус пирӯз шуд

Парвина нишонаҳои коронавирус - таби баланд, хастагӣ, гулӯдард, сулфаи хушк, эҳсос накардани бӯй в маззаро номбар карда, ҳушдор дод, ки 80 дарсади гирифторони маризӣ ягон нишонае надоранд.

Ин зани тоҷик ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда мегӯяд, гарчанде дар кишвар то ҳол ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, мардум бояд ҳушёр бошанд ва чораҳои пешгиркунандаро фаромӯш насозанд.

"Бе зурарат аз хона набароед. Ба ҷойҳои ҷамъиятӣ наравед. Зимни аз берун бозгаштан, дастонатонро дар давоми 30 сония бо собун ва оби гарм бишуед", - гуфт Парвина ва афзуд, ки зимни ташхиси такрорӣ на дар бадани ӯ ва на дар бадани шавҳараш коронавирус пайдо нашуд.