ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, дар кишвар бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст ва таъкид намуд, ки ин маънои онро надорад, ки мо ғофилу бепарво бошем.
Дар баробари ин ӯ таъкид кард, ки мардум набояд ба воҳимаю таҳлука дода шаванд, чун хатараш аз худи беморӣ бештар мебошад. Ӯ афзуд, ки шаҳрвандон бояд бо риояи тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ аз хуруҷи ин беморӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Раисиҷумҳур ахиран дар парлумон омори маргумир аз коронавирус ва дигар бемориҳо тайи ду моҳи охирро ироа намуд.
“Тибқи маълумоти охирини оморӣ дар дунё дар ду моҳи охири соли ҷорӣ аз оғози саршавии бемории коронавирус беш аз 144 ҳазор нафар, шамолхӯрӣ қариб 70 ҳазор, табларза зиёда аз 140 ҳазор, дар натиҷаи худкушӣ беш 153 ҳазор, садамаҳои нақлиётӣ 193 ҳазор, вируси норасоии масунияти одам 240 ҳазор, майзадагӣ 358 ҳазор, сигоркашӣ 716 ҳазор нафар вафот кард”, - хабар дод котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз қавли Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ афзуд, ки инчунин, дар як сол аз бемории саратон 1 миллиону 177 ҳазор, зукоми мавсимии А, Б, С то 600 ҳазор ва илтиҳоби шуш то 6 миллион нафар одамон вафот мекунанд.
Дар ҳамин ҳол раисиҷумҳур бори дигар таъкид намуд, ки бидуни воҳимаю таҳлука мардум қоидаҳои беҳдоштро риоя намоянд.