Рӯ ба коҳиш аст? дар Русия 4774 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардид

Ба фарқ аз се рӯзи пеш шабонарӯзи гузашта теъдоди гирифторони коронавирус дар Русия коҳиш ёфтааст. Агар давоми се рӯзи гузашта теъдоди сироятшудаҳо марзи 5 ҳазор нафарро убур мекард, аммо имрӯз ин адад ба 4774 нафар баробар гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 23 апр — Sputnik. Шабонарӯзи гузашта дар 81манотиқи Русия 4774 ҳолати гирифторшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад ситоди фаврӣ бобати ин маризӣ.

Хабари хушоянди СҶБ: 720 ҳазор мариз дар ҷаҳон аз коронавирус комилан шифо ёфтанд
Бар хабари манбаъ, танҳо дар пойтахти Русия шаҳри Маскав 1959 ҳолат, дар вилоятҳои Маскав 688 ва дар шаҳри Санкт-Петербург 191 мавриди гирифторшавӣ ба коронавирус сабт гардидааст.

Ҳамин тариқ, ҷамъан шумораи дардмандон ба Маскав ба 33 ҳазору 940 нафар баробар шуд.

Қирғизистон ба нуқтаи баландтарини авҷи маризии коронавирус расид

Ҳудуди 40,5 дарсади беморонро шаҳрвандони аз 18 то 45-сола ташкил медиҳанд. Танҳо 37,5 дарсад маризони аз 46 то 65-сола мебошанд.

Зимнан, давоми як шабонарӯз дар қаламрави Русия дасти кам 42 бемор ба ҳалокат расиданд ва 471 бемори дигар шифо ёфта, аз бемористон мураххас шуданд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз мавориди гирифторшавӣ ба коронавирус дар Русия ба фарқ аз се рӯзи қаблӣ камтар мебошад.