Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Оғози кумак ба Итолиё: ҳавопаймои “Сомон эйр” бо парвози махсус ниқобҳои тиббӣ бурд

Тариқи ҳавопаймои “Сомон эйр” аз Хуҷанд 792 ҳазор дона ниқобҳои тиббӣ ба шаҳри Веронаи Италия равон карда шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Имрӯз, аз Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ҳавопоймои ширкати “Сомон эйр” ба самти Италия парвоз кард, иттилоъ дод ба Sputnik Тоҷикистон дафтари матбуоти ширкати ҳавоӣ.

Тоҷикистон ба Италия 11 миллион ниқоб содир мекунад

“Субҳи имрӯз ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” бо хатсайри махсус парвоз кард, то ки 792 ҳазор дона ниқобҳои тиббиро ба шаҳри Веронаи Италия расонад. Қаблан корхонаи “Ҷавонӣ” дар вилояти Суғд ва ҶДММ “САТМ” дар бораи истеҳсол ва таҳвили 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ бо Италия созиш ҳосил кардаанд. Дар ҳоли ҳозир, ниқобҳои тиббӣ қисман ба Италия бурда шуд”, - гуфт манбаъ.

Вай афзуд, ҳавопаймоии “Сомон Эйр” мустақиман ба Итолиё парвоз мекунанд ва дар ҳеҷ фурудгое фуруд намеояд.

“Ҳавопаймо мустақиман ба Итолиё парвоз мекунад. Инчунин ҳавопаймои ин ширкат дар роҳи бозгашт низ дар ҳеҷ куҷое фуруд намеояд””, - хабар дод маркази матбуоти ин ширкат.

Ёдрас мешавем, ки тибқи шартномаи ба имзорасида ширкати "Ҷавонӣ-и шаҳри Хуҷанд дар иртибот ба хуруҷи COVID- 19  дар Италия ба ин давлати аврупоӣ 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ содирот  хоҳад кард.

Сардори шуъбаи  саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Абдурауф Пулодов гуфтааст, ки ҳоло корхонаи саноатии  "Ҷавонӣ"  аз матои пахтагини ватанӣ дар як рӯз 20 -25 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол менамояд.

Корхонаи саноатии "Ҷавонӣ" аз соли 1994 фаъолият дошта, дар он усули пурраи коркарди пахта ба роҳ монда шудааст. Ширкати "Ҷавонӣ"  маҳсулотро дар асоси фармоиши бренди "Карьера"-и Италия  истеҳсол намуда, 95 фоизи  маҳсулоти тавлидотии корхона, аз қабили шим, нимшим ва ғайра,  ки  аз матои ҷинс дӯхта мешаванд, қаблан ба Италия содирот мегардид.