Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Коршинос дар бораи тестҳо ва маргу мир аз илтиҳоби шуш дар Тоҷикистон

Вирусологи рус, доктори илмҳои тибб, ноиби фахрии президенти РЕАН Виктор Зуев вазъияти маргу мир аз илтиҳоби шушро дар Тоҷикистон, шарҳ дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Чанде боз дар Тоҷикистон маргу мир аз бемории илтиҳоби шуш зиёд шудааст, ки мардуми маҳаллиро ба воҳима андохтааст.

"Аз бемориии илтиҳоби шуш одамон доиман ҷон мебохтанд, ин бемории вазнин аст, махсусан илтиҳоби дутарафаи шуш. Дар Русия одамон аз илтиҳоби шуш ҳалок мешаванд, ки на аз коронавирус аст. Шахсони синну соли болоӣ ба гурӯҳи хатари баланд дохил мешаванд", - гуфт Зеув дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон ва афзуд, ки агар дар Тоҷикистон то кунун ягон ҳолати коронавирус ба қайд гирифта нашуда бошад, боиси хушнудӣ аст.

Олим қайд кард, тестҳое, ки имрӯз барои муайян кардани коронавирус дар бадани инсон истифода мешаванд, кафолат доранд, чун ҳатто ташхиси коронавируси бенишонаро низ дуруст мебароранд ва ин бисёр муҳим аст.

Натарсед! ифшогариҳои зодаи Тоҷикистон, ки дар Русия бар коронавирус пирӯз шуд

"Ин вируси махфӣ аст, ки бештар паҳн шудааст", - гуфт коршинос.

Вазорати тандурустӣ: 4 кас аз илтиҳоби шуш фавтид, вазъи чанд нафари дигар вахим аст

Ба гуфти олим баробари истифодаи бештари тестҳо намуди коронавируси бе нишона бештар хоҳад шуд ва ҳатто аз COVID - 19 - и нишонадор низ зиёдтар хоҳад гардид.

"Бо омади фасли гармо вазъият якбора хуб мешавад, чун зуком. Тобистон зуком нест", - бовар дорад ҳамагиршинос.

Кашфиёти табиби тоҷик: нӯшдоруи "Сиёҳдона" барои пешгирӣ ва муолиҷаи коронавирус муфид аст

Ӯ афзуд, ки дар фасли гармо масъунияти одам беҳтар мешавад ва вазъият барои вирус носозгор мешавад.

"Ҳамаи ин омилҳо ба нестшавии коронавирус меорад", - хулоса кард Зуев.