ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Имрӯз бинобар сабаби гузаронидани корҳои таъмирию профилактикӣ, як қисми маҳаллаҳои Сино ва Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе бе неруи барқ мемонанд.
Ба иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, неруи барқ аз соати 09:00 то 16:00 маваққатан хомӯш карда мешавад.
Тибқи иттилои Шабакаҳои барқии шаҳрӣ, имрӯз маҳаллаҳои Хуҷанбиёи боло, поён, Даҳана, Алхитойи ноҳияи Сомонӣ бе неруи барқ мемонанд.
Ҳамзамон интиқоли неруи барқ ба маҳаллаҳои Теппаҳои шарқӣ навоҳии Шоҳмансур низ муваққатан қатъ мегардад.
Кӯчаҳои Маҳаллаҳои Чағатай, Армуғон, Чортеппа, Испечак, Зафар ноҳияи Сино ва Кӯчаҳои Матросова, Чайковский, маҳаллаи Маҳмадалии ноҳияи Фирдавсӣ низ аз истифодаи барқ дар соати муайяншуда бенасиб хоҳанд монд.
Инчунин манбаъ иттилоъ додааст, ки қувваи барқ дар кӯчаҳои Юсуф Вафо, Гипразем, маҳаллаҳои Пахтакор ва Сомони минтақаи Гипразем хомӯш карда мешавад.
Гуфта мешавад, вобаста ба ҳаҷми корҳои таъмирию профилактикӣ дар баъзе мавридҳо қувваи барқ пеш аз мӯҳлати нишондодашуда пайваст карда мешавад.
Дар ҳамин ҳол, манбаъ ёдрас шудааст, ки маҳдудияти нерӯи барқ муваққатӣ буда, сабаби он таъмири таҷҳизоти энергетикӣ, хатҳои калони интиқоли барқ ва санҷиши ҳолати коршоямии онҳо мебошад.