Аз Фархор то Мурғоб: даҳҳо деҳаи вилояти Хатлон ва ВМКБ бо барқи доимӣ таъмин мешаванд

Даҳҳо деҳаҳои вилоятҳои Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо барқи доимӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда мешаванд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар ояндаи наздик 74 деҳаи вилояти Хатлон ва 61 деҳаи ВМКБ бо барқи доимӣ ва аз лиҳози экологӣ тоза таъмин карда мешаванд.

Имрӯз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқ намудани Созишномаи лоиҳавӣ байни Ширкати саҳомии холдингии кушодаи "Барқи Тоҷик" ва Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд оид ба лоиҳаи "Электрификатсияи деҳот" якдилона ҷонибдорӣ намуданд.

Чаро барқро мекушанд? Шикоятҳои мардум ва шарҳи “Барқи тоҷик”

Созишномаи мазкур 13 ноябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Амонулло Хаӣрулло муарифи намуданд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи барқтаъминкунии деҳот лоиҳаи нав ба ҳисоб рафта, он аз ҳисоби маблағҳои грантии Ассотсиатсияи Байналмилалии Рушд (Бонки Умумиҷаҳонӣ) дар ҳаҷми 31 700 000 доллари ИМА маблағгузорӣ хоҳад гардид.  Дар доираи лоиҳа барқтаъминкунии 74 деҳа дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Фархор ва Мир Саид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон ва   61 деҳа дар ҳудуди ноҳияҳои Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Рошқалъа, Ишкошим, Шуғнон ва Мурғоб-и Вилояти Мухтори Куҳистони  Бадахшон пешбинӣ гардидааст.

Пештар хабар дода шуд, ки ширкати "Помирэнержӣ" дар ҳамдасти бо Ҳукумати Тоҷикистон дар деҳаи Рошорви водии дурдасти Бартанг неругоҳи хурди барқӣ месозад.

Муҳандиси ширкати мазкур Асад Саидмамадов мегӯяд "ин деҳаҳои дурдасти водии Бартанг дар маконҳои дастнорас ва доманакӯҳҳо ҷойгиранд. Аз ин рӯ интиқол додани техникаву механзимҳо ва масолеҳи сохтмонӣ  ба он ҷо хеле душвор аст. Сарфи назар аз ин мушкилот ширкати "Помирэнерҷӣ" тасмим гирифт, ки марҳила ба марҳила сокинони ин водиро бо барқ таъмин намояд".