ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Як манбаъ дар ин беморхона ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи марҳум шаби гузашта хеле ба вахомат гароид ва субҳи имрӯз, 21 апрел, ҷон ба ҷонофарин супурд.
“Он касро 14 апрел бо ҳарорати 38 дараҷа ба бемористон оварда буданд. Бо вуҷуди талошҳои мо вазъашон хуб нашуд ва рӯзи дигар аввал ба оксигенератор, сипас, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ гирифтем. Ҳарораташон поён наомад, фишорашон ҳам баланд нашуд ва ниҳоят фавтиданд”, - гуфт ин манбаъ.
Қаблан Шавкатҷон Раҳимбердиев, сардухтури Беморхонаи физиотерапевтии вилояти Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки пас аз ду бор муоинаи рентгенӣ ба ӯ ташхиси пневмонияи дутарафа гузошта шудааст.
Ба қавли ӯ, таҳлилҳои ӯ барои “вируси корона” ду маротиба ба Хуҷанду Душанбе низ ирсол шуда, ҳамагӣ манфӣ баромадаанд.
Абдухалил Ҷӯрабоев нафари дуюм аст, ки дар ноҳияи Ҷаббор Расулов, бино ба иттилои расмӣ, аз пневмонияи дутарафа мефавтад. Ӯро яке аз хешовандони Ҳабибуллоҳ Шодиев, сокини деҳаи Гулафшон, собиқ Янтоқзори ноҳияи Ҷаббор Расулов муаррифӣ карда буданд, ки ба қавле, дар мурдашӯӣ ва ҳам ба қабр гузоштани ӯ ширкат доштааст.
11 апрел Ҳоҷимуҳаммад Тошев, як сокини дигари ноҳияи Ҷаббор Расулов, бино ба иттилои расмӣ, аз “ишемияи дил” фавтида буд. Ӯ ҳамкори Абдуҷалил Тошев, бародари Ҳабибуллоҳ Тошев дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов буд, ки пас аз марги бародараш бо иттифоқи дигар аъзои хонавода ва ҳам 11 табибу парастори Беморхонаи марказии ноҳия таҳти қарантина қарор гирифтанд.
Ин фавтҳо аз сӯи бархе ба “вируси корона” рабт дода мешавад, аммо пизишкон мегӯянд, бо вуҷуди дар як силсила қарор доштани онҳо мавориди шуюъ ба назар намерасад.
Аз ҷумла 18 узви хонаводаи Ҳабибуллоҳ Шодиев, нафари аввали фавтида дар ин силсила, рӯзи 19 апрел аз қарантина дар Бемрхонаи физиотерапевтии Суғд раҳо шуда, ба хона баргаштанд.
Дар пайи бистарӣ шудани Абдухалил Ҷӯрабоев 5 узви оилааш, ба шумули фарзанду ҳамсар ва келину набераҳояш ба Беморхонаи физиотерапевтии вилояти Суғд, воқеъ дар шаҳраки Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов интиқол ёфта буданд. Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон дар беморхона мегӯяд, таҳлили ҳамаи 5 узви хонаводаи Ҷӯрабоевро гирифта, ба Душанбе фиристода буданд ва дирӯз посух омад, ки ҳама манфӣ аст.
Ҳамсӯҳбати Sputnik Тоҷикистон мегӯяд, ҷасади Абдухалил Ҷӯрабоев ба маҳалли зисташ деҳаи Гулафшон, ҷамоати деҳоти “Ҳаёти нав” – и ноҳияи Ҷаббор Расулов, тариқи мошини “ёрии таъҷилӣ” ва ҳамроҳии кормандони тиб интиқол ёфта, дафн шудааст.