Натиҷаи ташхиси Ашраф Ғанӣ аз коронавирус маълум шуд

Раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ тасмим гирифт ҳамроҳ бо ҳамсари худ аз ташхиси коронавирус гузаранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Натоиҷи ташхиси Ашраф Ғанӣ кишвардори Афғонистон ва ҳамсари ӯ аз коронаврус манфӣ баромад, навиштааст сухангӯи президент Сиддиқ Сиддиқӣ дар сафҳаи Твиттерии худ.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

Ба гуфтаи сухангӯи раисҷумҳур, Ашраф Ғанӣ ва бонуи аввали Афғонистон бо хоҳиши худ аз ташхиси короно гузаштанд.

"Раисҷумҳур сиҳат саломат аст ва кӯшишҳои ҳукуматро дар ҳама самтҳо равона мекунад. Тамоми чораҳои эҳтиётӣ андешида шудааст, то муҳити кори ӯ бехатар ва солим бошад", - навиштааст Сиддиқӣ.

Авҷи коронавирус дар Покистону Афғонистон: шумори фавтидагон ба маротиб афзоиш ёфт

Ёдовар мешавем, ки ҳудуди 40 корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон  мубталои маризии сироятии коронавирус гардидаанд.

Дар ин робита ҷаласа ва машвартаҳои ҳукуматӣ бо ҳузури кишвардори Афғонистон тариқи видеоӣ сурат мегирад.

Алъон дар қаламрави ин ккишвар 1092 ҳолати сироятшавӣ ба маризии коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар робита ба хуруҷи ин маризӣ дар Афғонистон низ режими хонашинӣ эълон  гардида буд ва он то 9 - уми май идома хоҳад кард.