Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Дар онҳо коронавирус нест: Вазорат охирин омори қарантиншудагонро дар Тоҷикистон гуфт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон охирин омори қарантиншудагон дар кишварро рӯзи гузашта эълон карду гуфт, дар ягон нафаре аз онҳо бемории коронавирус ёфт нашудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik.  Тибқи иттилои ин ниҳод, аз 1 феврал то дирӯз, 20 апрели соли равон 8212 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тиббии мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Исботи набуди “вируси тоҷдор”: оилаи Шодиевҳо аз қарантина баромад

Ба иттилои манбаъ, аз ин шумора то санаи зикргардида 7129 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 1083 нафари онҳо дар карантин қарор доранд.

Манбаъ мегӯяд, хушбахтона, то имрӯз дар нафарони ба карантин фаро гирифта шуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз тамоми шаҳрвандони мамлакат даъват ба амал овардааст, ки дар ҳолати мушоҳида гардидани аломатҳои таби баланд, сулфаи хушк, сӯзиши қафаси сина ва ғайра дар ҷисми хеш фаврӣ ба табиби оилавӣ ё минтақавии маҳалли зисти хеш занг зананд ва онҳоро ба хонаашон даъват намоянд.

Ва ё дар ҳолати  ташриф овардани табибони оилавӣ дарди худро пинҳон надошта, ба онҳо аз вазъи саломатии худ ва аҳли оилаашон ошкоро ҳарф зананд, зеро пинҳон доштани беморӣ ба  ҳолатҳои фавт оварда мерасонад.