Бонки миллӣ бо як қарор фаъолияти низоми пардохтии BLIZKO-ро қатъ кард

Тибқи қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон, аз 17 апрели соли 2020 фаъолияти оператори низоми пардохтии BLIZKO қатъ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи оператори низоми пардохтии BLIZKO-ро бозхонд кард.

Бонки миллӣ иҷозатномаи “Спитамен Суғурта”-ро барои панҷ соли дигар тамдид кард

Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, иҷозатномаи оператори низоми пардохтии BLIZKO, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон 29 апрели соли 2019, ба Бонки тиҷоратии байниминтақавии рушди алоқа ва иттилоот (ҷамъияти саҳомии оммавӣ) дода шуда буд.

Ба иттилои манбаъ, дар асоси аризаи хаттии иҷозатномадор бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 17 апрели соли ҷорӣ фаъолияти оператори низоми пардохти BLIZKO қатъ карда шуд.

Мутобиқи қарори мазкур Идораи низоми пардохт вазифадор гардид, ки дар Феҳристи операторони низоми пардохтӣ оид ба тағйироти мазкур сабти дахлдорро ворид намояд.

Ёдовар мешавем, қаблан БМТ дархости ширкати "Тоҷ-Аудит" барои тамдими муҳлати фаъолияташонро бинобар вайрон кардани қоидаҳои иҷозатномадиҳӣ  рад кард.