Аз санаи Рамазон то “шайхи фонӣ”: муфтӣ дар шарҳи қарори Шӯрои уламо

Шӯрои уламои Тоҷикистон бо тасвиби як қарор 24 апрелро рӯзи шурӯъи моҳи шарифи Рамазон барои тоҷикистониён муайян кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 апр – Sputnik. Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон дар шарҳи ин қарор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин сана дар мувофиқа бо Институти астрофизикаи Академияи улуми Тоҷикистон аз рӯи таҳқиқу ҳисобҳои илмӣ дақиқ шудааст.

Намозу ифтору идгардак манъ: Шӯрои уламо гуфт, пули ҳаҷу закотро чигуна сарф бояд кард

“Дар аксари кишварҳои мусалмонӣ низ ба ин назар мувофиқанд, зеро рӯзи 23 апрел рӯзи 30 – юми моҳи Шаъбон ва 24 апрел рӯзи аввали моҳи Рамазон аст. Моҳи Шаъбон 31 рӯз намешавад. Соли равон моҳи шарифи Рамазон 30 рӯз муайян гардида, 23 май ба анҷом мерасад”, – гуфт Саидмукаррам Абдулқодирзода.

Шӯрои уламои Тоҷикистон барои моҳи Рамазони соли равон “мувофиқи ҳисоби шаръӣ” нисоби закотро 21 ҳазор сомонӣ (сари ҳар ҳазор 25 сомонӣ, ҷамъ 525 сомонӣ закот) ва садақаи фитрро ҳам “мувофиқи меъёри шаръӣ” ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муқаррар кард.

Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, закот аз ҳисоби дороӣ ва ё моли тиҷоратие гирифта мешавад, ки як кас хориҷ аз эҳтиёҷоти хонаводааш дар ихтиёр дорад ва фитри рӯза барои ҳар як узви хонавода ҳатмӣ аст. “Закотро ба ҳисоби қимати тилло дар бозор ҳисоб мекунанд. Моле, ки дар пасандоз ё гардиши тиҷорати мусулмон вуҷуд дорад, ҳисоб мешавад ва аз ҳар ҳазор сомонии маблағи умумии он 25 сомонӣ закот бояд супорида шавад.

"Ҳаҷ-2020" доир намешавад?: Шӯрои уламо гуфт, маблағҳои ҷамъкардаро ба куҷо сарф кард

Фитри рӯза ё садақаи фитр аз нархи гандум (1,5 то 2 кг) дар бозорҳо вобаста аст ва бояд барои тамоми аъзои оила – аз калонсол то кӯдаки гаҳвора - дода шавад”, - гуфт раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Соли 2019 Шӯрои уламои Тоҷикистон нисоби закотро 20 ҳазор сомонӣ (500 сомонӣ закот) ва соли 2018 закот 20 ҳазору 400 сомонӣ (510 сомонӣ закот) муқаррар карда буд. Аммо уламои исломӣ мегӯянд, ин маблағи муайяншуда ҳадди ақалли ченак аст ва шахси доро метавонад ба фақирон хайри бештар кунад ва савоби бештар гирад.

Дар ҳамин ҳол, фитри рӯза ё садақаи фитр ду соли пеш низ 5 сомонӣ буд. Маблағи фидяи савми моҳи шарифи Рамазони соли 2020 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ, 10 сомонӣ сари ҳар рӯзи 30 рӯз таъйин шудааст. Ин маблағ низ тайи солҳои ахир тағйир нахӯрдааст.

Шӯрои уламо намозҳои ҷамоатро мутаваққиф кард: ба ҷуз намози ҷаноза

Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, ин маблағро нафароне пардохт мекунанд, ки тибқи ташхиси духтурон вазъи сиҳатии мувофиқ надорад ва ҳам пиру барҷомондаҳое, ки қудрати рӯза доштанро надоранд. “10 сомонӣ ҳам маблағест, ки харҷи миёнаи ғизои якрӯзаи як фақир аст.“Шайхи фонӣ” гуфта дар фиқҳи ҳанафӣ мард ё занеро меноманд, ки хеле пиру дармондаанд”, - гуфт раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон.

Эълони оғози Рамазон ва ҳаҷми закоту садақаи фитр дар Тоҷикистон

Бино ба қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон, имомхатибон дар моҳи Рамазон муваззафанд, ки “дар суҳбатҳои худ таваҷҷӯҳи мардумро ба масъалаи баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва волоияти арзишҳои миллӣ, татбиқи қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд”, илмомӯзии наврасону ҷавонон ва расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон аз ҳисоби садақаи фитр, пешгирии исрофкориҳо ва сарфаю сариштакорӣ ҷалб намоянд”.

Масҷидҳои Макка ва Мадина дар Рамазон баста хоҳанд монд

Аммо ин кор то куҷо имкон дорад, вақте қаблан бо қарори ҳамин Шӯро адои намозҳо дар масоҷиди ҷомеъу панвақта, намозҳои таровиҳ ва ҳатто ифтору идгардаки моҳи Рамазон ба далели ҷилавгирӣ аз шуюъи “вируси корона” ба таълиқ даромадаанд?

Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфт, Шӯрои уламо ин ҳамаро дар назар дорад ва ба ҳамин қарибӣ бо назардошти вазъи кунунӣ дар бархе масоил, аз ҷумла осонӣ овардан дар моҳи шарифи Рамазон муроҷиатнома қабул хоҳад кард.

Ҳамзамон Шӯрои уламо дар садади он аст, ки дар остонаи моҳи шарифи Рамазон як табрикотии Раёсати Шӯрои уламоро ба мардуми Тоҷикистон дар мувофиқа бо аъзои Шӯро ва ҳам тақвими моҳи шарифи Рамазонро, ки аз сӯи Раёсати фатвои Маркази исломӣ тартиб дода шудааст, тасдиқ кунад.