Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

"Сад дари баста, як дари кушода" : тасмими таваккалии соҳибкор дар замони коронавирус

Дар ҳоле, ки аксар бозору мағоза, ошхона ва дигар марказҳои савдо дар манотиқи кишвар, ба далели камбуди муштариён аз таъсири иқтисодшикани вируси корона дар ҷаҳон муваққатан дари худро бастаанд, соҳибкори тоҷик бузургтарин маркази фурӯши либосҳоро дар Хуҷанд боз кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр – Sputnik. Алишер Сатторов бунёдгузори маркази савдои "Асл" дирӯз дар расми ифтитоҳи он ба хабарнигорон иброз дошт, ки дар чунин шароити душвор, ки вируси корона аз пои иқтисоди ҷаҳон доштааст ба фаъол сохтани маркази савдо аз лиҳози иқтисодӣ рискҳои зиёд дорад, вале ӯ, умедвор аст ин ҳама сахтиҳо муваққатӣ асту рӯзе самараи заҳматашро хоҳад дид.

"Асл" дар канори бозори "Панҷшанбе" дар ҷое ба фаъолият шурӯъ намудааст, ки кор дар ин макон солҳо ба ин тараф боз монда буд. Ҳоло ин маркази савдо бо фарогирии бештар аз 650 метри мураббаъ яке аз калонтарин марказҳои фурӯши либосҳои мардона дар Хуҷанд гуфта мешавад, ки аз тагпуш то сарпуш, имкони хариддории ҳама намуд либосҳоро бо тарзи ҷадид барои хариддорон фароҳам овардааст.

"Бартарии кори мо, ин ҷо дар он аст, ки хариддор метавонад аз як макон ҳама намуд либосҳои ба худ лозимро бо сарфа намудани вақт ва ҳам маблағ хариддорӣ намояд. Фарз кардем, вақте хариддор пойафзолро аз як мағоза ва куртаро аз мағозаи дигар хариддорӣ мекунад, ин барои ӯ гарон меафтад. Қоидаи савдо аст, ки як хариддор вақте ҳама либосҳои лозимиро аз як ҷо мехарад, табиист, ки барои ӯ тахфиф дода мешавад, мо ҳоло ин имкон фароҳам намудем", - афзуд Сатторов.

Ин маркази савдо аз шуъбаҳои зиёди фурӯши либос иборат будааст, ки дар ҳар яки он то 250 навъи мол аз ҷумлаи ҷӯробҳо, куртаҳо, шиму костюм, либосҳои варзишӣ, пойафзоли сабук, тагпӯшҳо, пойафзоли расмӣ ва либосҳои дигар мавҷуд будааст.

Бино ба гуфти Сатторов, инчунин молҳоро онҳо умдатан аз кишвари Туркия ворид мекунанд, ки аз лиҳози муд ва сифат тафовут доранд. Қарор аст, дар як бахши ин макон минбаъд дар радифи молҳои воридотӣ маҳсули ширкатҳои ватанӣ низ ба фурӯш гузошта шавад.