Пешниҳоди хизматрасонии нави ВКД Тоҷикистон: дизинфексияи пулакӣ

Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон хизматрасонии наверо роҳандозӣ кардааст. ВКД омода аст барои безараргардонии (дизинфекция) корхонаҳову идораҳо тариқи шартномавӣ хизмат расонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон эълон намудааст, ки шуъбаи махсуси карантинии милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки барои безараргардонии (дизинфекция) корхонаю идораҳо, муассисаҳои давлатӣ ва дигар ташкилоту ҷойҳои ҷамъиятӣ ба тариқи шартномавӣ хизмат расонад.

ВКД 17 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки сарҳади Ӯзбекистонро убур карданд, ба карантин бурд

Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури дохила хабар додааст.

Ёдрас мешавем, ки  аз 1 феврал то 17 апрели соли равон 7871 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар  муассисаҳои тандурустии мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд.

Аз ин шумора то санаи зикргардида 6348 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 1523 нафарашон  дар карантин  қарор доранд.

Мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, то санаи 17 апрели соли равон дар миёни шаҳрвандони ба карантин фаро гирифта шуда, сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.