ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ алайҳи раиси ҷамоати деҳоти Пошкент дар шаҳри Истаравшан хабар додааст, ки бо роҳи фиреб маблағи Ёқубов З. У., сокини ин ҷамоатро тасарруф кардааст.
Бар пояи иттилоъи ин ниҳод дар ҳоле алайҳи Абдувосид Ваҳҳобов, парванди ҷиноӣ боз карда шудааст, ки вай бо ваъдаи озод кардани Ёқубов Ш. З., аз падараш, Ёқубов З. У. 2500 доллари амрикоӣ талаб намуда, амалан ҳеҷ кореро ба иҷро нарасонида, балки фиреб додааст.
“Ваҳобов Абдувосид Абдувоҳидович дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти Пошкенти шаҳри Истаравшани вилояти Суғд кор карда истода, ҳамчун шахси мансабдор санаи 21 феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ёқубов З.У. барои аз даъват ба хизмати ҳарбӣ озод кардани писараш - Ёқубов Ш.З. бо роҳи фиреб маблағи 2500 доллари ИМА талаб намуда, онро дар се ҳолат гирифта, тасарруф намудааст”,-хабар медиҳад Ожонси мубориза бо коррупсия.
Аз ин ҳисоб раиси ҷамоати Пошкент ба падари даъватшавандf Ёқубов З. У. pарари калони моддӣ расонидааст. Дафтари матбуоти Агентии мубориза бо коррупсия мегӯяд, ҳоло алайҳи Ваҳобов А.А. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” (қаллобӣ ) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда ва тафтиши муқаддамотии он идома дорад.