ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Ҳаво шабона 7+9 ва рӯзона 24+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши борон дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8+13 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, эҳтимоли бориши нисбатан суст дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 15+20 дараҷа гарм мешавад.