Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Марги прокурор ва қарантинаи хонаводааш дар Душанбеву Ваҳдат: шарҳи мақомот

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе аз бемории зукоми А (H1N1), илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, ҳеҷ нишонае аз “вируси корона” надошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи вазорат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мавсуф 15 апрел нимашабӣ бо ҳолати вазнин дар Бемористони маризиҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе (тобеъи Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”) бистарӣ шуда, маризии ӯ зукоми А (H1N1), илтиҳоби дутарафаи шуш ва фарбеҳии дараҷаи 3 ташхис дода шуд.

Марги прокурор ва қарантинаи хонаводааш дар Душанбеву Ваҳдат: шарҳи мақомот
"16 апрел ба хотири вазнин шудани вазъи саломатияш ба Беморхонаи маризиҳои сироятии шаҳри Душанбе, воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон, интиқол дода шуд. Пизишкони беморхонаи мазкур ба ӯ ташхиси илтиҳоби дутарафаи шуш, зукоми А ва фарбеҳии дараҷаи 3 – ро гузоштанд. 17 апрел соат ба соат ҳолаташ вазнин шуд. 18 апрел аввал таҳти дастгоҳи оксигенератор буд ва сипас, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ (ИВЛ). 19 апрел нимаи аввали рӯз вафот кард", - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Марги ногаҳонии Ҷалолиддин Абдуҷабборзодаи ҳудуди 37 – сола, ҷанозаи ғайриоддии ӯ дар саҳни ҳавлие дар маҳаллаи Восеъ, минтақаи Корхонаи орди Душанбе ва ҳам гурӯчӯби ӯ бо ширкати пизишкони либоси хос ба бар дар гӯристони кӯчаи Қаротегин шоеоти зиёд, аз ҷумла марги ӯ аз маризии "вируси корона" – ро ба вуҷуд овардааст.

Яке аз ҳамкорони Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, ки дар ҷанозаи ӯ ширкат кард, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тобути ӯро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба хона оварда, нагузоштанд, ки наздиконаш онро боз кунанд ва ҳамин тавр, ба қабристон интиқол доданд.

"Мо ӯро “Эшон” мегуфтем. Инсони хубе буд. Зоҳиран, саломатиаш ҳам хуб буд ва вақте аз интиқоли ӯ ба беморхона ва даргузаштанаш ба ин зудӣ хабар ёфтем, ростӣ, диламон реш – реш шуд", - гуфт ӯ.

Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, аҳли оилаи Ҷалолиддин Абдуҷабборзода худи ҳамон рӯзе, ки ба шифохона афтод, дар бемористонҳои сироятӣ - як қисм дар Душанбе ва қисми дигар дар Ваҳдат - қарантина шуданд.

Исботи набуди “вируси тоҷдор”: оилаи Шодиевҳо аз қарантина баромад

"Ҳар беморе, ки бо ҳарорати баланд ба беморхона оварда мешавад, новобаста аз он, ки зуком аст, ангина ё ягон маризии дигар, аҳли хонаводаи ӯ оҷил ба қарантина фаро гирифта хоҳанд шуд. Яке аз шакҳое, ки сари онҳо мешавад, ҳамин маризии "вируси корона" аст. Ин ташхис ба ҳамаи онҳо гузошта мешавад. То мутмаин нашавем, ки ӯ гирифтори ин маризӣ нест, рухсат нахоҳем кард", - гуфт Бибихонум Дарвешзода.

Афзоиши мавориди фавт аз илтиҳоби шуш дар Тоҷикистонро қаблан вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як ҷаласаи хос таҳти баррасӣ гирифта, зимни як баёния хабар дода буд, ки далели он вазъи номусоиди ҳаво дар рӯзҳои охир мебошад.

Галина Перфилева, намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ низ 18 апрел ба хабарнигорон ташхисҳои пизишкони тоҷикро дуруст арзёбӣ карда, гуфт, ҳеҷ як аз мавориди фавт ба маризии “вируси корона” ё КОВИД-19 рабт надорад.

Тибқи иттилои расмӣ, то 16 апрели соли равон дар озмоишгоҳи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон 2317 ташхис, аз ҷумла 440-тои он такрорӣ анҷом шудааст. Аммо чаро мавориди фавт зиёд аст? Сухангӯи вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар посух ба ин суол мегӯяд, аксарияти кулли беморон дар ҳолати бисёр вазнин ба пизишкон муроҷиат мекунанд.

"Яке аз сабабҳои асосии фавтҳое, ки шуда истодаанд, саривақт ба пизишкон муроҷиат накардани беморон аст. Баъд аз вазнин шудан муроҷиат мекунанд. Ҳол он ки пневмония табобат дорад, агар саривақт ба пизишкон муроҷиат шавад", - гуфт Бибихонум Дарвешзода. Ба ҳамин минвол, Тоҷикистон ҳамоно як кишвари орӣ аз “вируси корона” боқӣ монда, аммо мавориди марг аз илтиҳоби шушро зиёд таҷриба мекунад.