ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона гуфтаст.
Ба иттилои хабаргузории "Парстудей", Ҷаҳонпур гуфт, дар Эрон 1374 бемори ҷадид дар 24 соати гузашта шиносоӣ шудаанд.
"То кунун бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 80 ҳазору 868 нафар дар Эрон ба вируси корона мубтало шудаанд. Бо фавти 73 нафар дар 24 соати гузашта, фавтҳои вобаста ба вируси корона дар Эрон ба 5 ҳазору 31 нафар расид", - изҳор дошт масъулини Вазорати беҳдошти Эрон.
Манбаъ афзуд, ки мардуми Эрон дар саросари кишвар бо роҳандозии размоиши саросарии "Кумаки муъминона" барои хидматрасонӣ ба ниёзмандон ва қишрҳои осебдида аз бемории корона ва афроде, ки касбу кори худро бар асари шуюи ин вирус аз даст додаанд, вориди амал шудаанд.
Дар ин тарҳ, кумакҳои нақдӣ ва ғайринақдии мардум дар саросари Эрон ҷамъоварӣ ва ба дасти ниёзмандони ҳамон минтақа хоҳад расид, навиштааст хабаргузорӣ.