Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

СҶБ: Ноҳияи Ҷаббор Расулов аз сабаби коронавирус қарантин нашудааст

Намояндаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Галина Перфилиева вазъи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғдро шарҳ дод.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Галина Перфилиева, намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон зимни як нишаст ба рӯзноманигорон гуфтааст дар ноҳияи Ҷаббор Расулов қарантина нест.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт набуди коронавирус дар Тоҷикистонро тасдиқ кард

Перфилиева ҳамчунин таъкид кардааст, ки дар ин минтақа ва инчунин дар саросари Тоҷикистон, як ҳолати грифториии коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Вай қайд кард, ки ҳоло Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҳамкории зич қарор дорад. Ҳамзамон, ташкилот тавсия додааст, ки чораҳои зарурии пешгирикунанда андешида шаванд.
" Тоҷикистон то ҳол хушбахт аст, аммо вазъ дар ҳар лаҳза метавонад тағир ёбад",- гуфт Перфилиева.

Намояндаи СУТ гуфт, ки ба Тоҷикистон барои муайян кардани коронавирус то щол 23 ҳазор тестҳои санҷишӣ ворид шудааст.

Галина Перфилева, ҳамчунин гуфтааст, ба дақиқии тестҳои ташхиси коронавирус дар Тоҷикистон итминон дорад, зеро ба гуфти ӯ, тестҳое, ки барои  ин ташхис истифода мешаванд, дар аксар кишварҳо низ мавриди амал қарор дода шудаанд.

Вазорат рад кард: дар бемористони Ҷаббор Расулов нишонаҳои коронавирус дида намешавад

Қаблан Ҳабибуллоҳ Шодиев 1 апрел дар Бемхорхонаи марказии ноҳияи Ҷаббор Расулов, бино ба иттилои расмӣ, аз пневмонияи дутарафа фавтида буд. Чор рӯз пас аз марги ӯ 11 табибу парастор, бародараш Абдуҷалил Тошев ва дар умум 18 узви оилааш таҳти қарантина гирифта шуданд.

11 апрел Ҳоҷимуҳаммад Тошев, ки ҳамкори Абдуҷалил Тошев дар шӯъбаи маорифи ноҳияи Ҷаббор Расулов буд, бино ба иттилои мақомот, аз “бемории ишемияи дил” фавтид.

Ин иттифоқот эҳтимоли шуюъи “вируси тоҷдор” дар ин ноҳия хабару овозаҳои зиёдро ба вуҷуд овард.

Вазорати тандурустии кишвар бо баёнияе ин овозаҳоро рад карду гуфт, бемори фавтида на аз коронавирус, балки аз бемориҳои дигар фавтиданд.