Бо пули қимор кори ҳалол кардан ҷоиз аст?: посухи Шӯрои уламо ба Закариё

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли корбари сомонааш дар мавриди пули аз қиморхона ҷамъкардаро ба кори ҳалол сарф кардан ҷоиз аст ё на, посух гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Закариё як корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар суол кардааст, ки  дар қиморхона кор карда камтар пул ҷамъ оварда ва ягон кори ҳалол ё тиҷорат кардан ҷоиз аст? 

Ҳалол ё не: Шӯрои уламо оид ба кор дар марказҳои букмекерӣ

Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, қимор ҳаром аст ва маблағе, ки аз роҳи он ба даст меояд, ҳеҷ баракате надорад, бо он маблағ тиҷорат ва касби ҳалоле ҳам суд надорад.

Шӯрои уламо ба ин нафар тавсия додааст, ки ба ягон касби ҳалол машғул шавед ва аз роҳи ҳалол пул ба даст биёред, то ки сабаби хайру баракат ва некбахтиатон дар дунё ва охират гардад.

Ба гуфти Шӯрои уламо, қимор бо ояти қуръонӣ ҳаром аст.

Ин ниҳоди динии кишвар қаблан дар посух ба суоли корбарони дигари сомонааш дар мавриди ҳалол будан ё набудани кор дар марказҳои букмекерӣ гуфт, агар равиши кори чунин коргоҳҳо бар асоси қимор бошад, пас фаъолият кардан дар он дуруст нест.