Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Беш аз 1 ҳазор нафари дигар дар Эрон аз коронавирус шифо ёфтанд

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, ки то имрӯз 57 023 нафар аз касоне, ки дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд, шифо ёфтанд. Рӯзи гузашта ин нишондод дар маҷмуъ 55 ҳазору 987 нафарро ташкил медод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Киёнуши Ҷаҳонпур, раиси Маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон, рӯзи якшанбе, дар гуфтугӯ бо хабарнигрон, гуфт, то ҳол беш аз 57 ҳазор маризи коронавирус шифо ёфта, бемористонҳо мураххас шудаанд.

Афзоиши якбораи гирифторони коронавирус дар Русия тайи шабонарӯзи гузашта

Тибқи иттилои хабаргузории “Парстудей”, 1 343 бемори ҷадиди коронавирус дар 24 соати гузашта шиносоӣ шуданд.

Манбаъ афзуд, то кунун 82 211 нафар дар Эрон ба коронавирус мубтало шудаанд.

Ҷаҳонпур ҳамчунин бо ишора ба фавти 87 нафар дар 24 соати гузашта афзуд, фавти ношӣ аз коронавирус дар Эрон ба 5 ҳазору 118 нафар расидааст.

Манбаъ афзуд, ки мардуми Эрон дар саросари кишвар бо роҳандозии размоиши саросарии "Кумаки муъминона" барои хидматрасонӣ ба ниёзмандон ва қишрҳои осебдида аз бемории корона ва афроде, ки касбу кори худро бар асари шуюи ин вирус аз даст додаанд, вориди амал шудаанд.

Дар ин тарҳ, кумакҳои нақдӣ ва ғайринақдии мардум дар саросари Эрон ҷамъоварӣ ва ба дасти ниёзмандони ҳамон минтақа хоҳад расид.