Пешравии донишмандони Эрон: муҳаққиқони эронӣ геноми коронавирусро мушаххас карданд

Донишмадони эронӣ эълон карданд, ки барои аввалин бор дар кишвар тавонистанд геноми коронавирусро таъин ва рамзи генетикии онро мушаххас кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Сируси Зайналӣ, раиси Анҷумани биотехнологияи Эрон рӯзи ҷумъа бо баёни ин, ки то кунун наздик ба 4 000 таъини пайдарпаии коронавирус ба сабт расида, ки бахши умдаи он марбут ба Амрико аст, афзуд донишмандони эронӣ дар шароити таҳрим тавонистанд ба ин муваффақият даст ёбанд ва онро таъини пайдарпаӣ кунанд, иттилоъ додаас хабаргузории “Парстудей”.

Идомаи муборизаи пизишкони Эрон бар коронавирус: беш аз 52 ҳазор нафар беҳбуд ёфт

Пирамарди 106 сола дар Эрон бар коронавирус пирӯз шуд

Зайналӣ бо ишора ба мавзӯи ҷаҳиши генетикии коронавирус дар ҷомеаҳои илмӣ ва умумӣ қайд кардааст, ки бархе мӯътақиданд, ки ин вирус дар Эрон ҷаҳиш ёфта ва доиман дар ҳоли тағйир аст, ки бар асоси таъинин пайдарпаӣ, навъи эронӣ ва дигар маворид, ин мавзӯъ сиҳат надорад.

Вай ҳамчунин афзуд, бо таъини пайдарпаӣ коронавирус мушаххас шуд, ки дар сурати тавлиди ваксина ё дору барои коронавирус, дар тамомии кишварҳо қобили истифода буда ва ниёзе ба тавлиди ваксинаи ихтисосии ҳар ҷамъият ё кишваре нест.

Эрон мувафақ шуд: донишманди эронӣ давои коронавирусро пайдо кард

Ёдрас мешавем, ки то имрӯз ба ин вирус дар Эрон 79 ҳазору 494 нафар гирифтор шудааст, ки аз ин шумор 4 ҳазору 958 нафар ҷони худро аз даст додааст.