Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Охирин омори ҷаҳонии гирифторони коронавирус: афзоиш дар Русия

Шумораи гирифторони коронавируси навъи COVID-19 шабонарӯзи гузашта дар Русия 4 785 нафар зиёд шуда, 36 ҳазору 793 нафарро ташкил дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Русия аз рӯзи шумораи бештарини мубталоёни коронавирус аз Белгия, ки дар он 36 ҳазору 138 ҳолати сироятёбӣ ба қайд гирифташудааст, пеш гузашта, дар ҷаҳон ба ҷои 10-ум баромад.

Дар ин бора Созмони ҷаҳонии беҳдошт (СҶБ) хабар медиҳад.

Тибқи омори ахири ин созмон, теъдоди беморони шифоёфта дар Русия ба 3 057 нафар ва шумораи фавтидагон ба 313 кас расид.

Ҷонбобоев: қарантинаро нахустин бор Абуалӣ ибни Сино пешниҳод кардааст

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ба ҷуз аз Русия ҳамчунин ИМА (710 272 нафар), Испания (190 839 нафар), Италия (172 434), Фаронса (147 969), Олмон (141 397), Британияи Кабир (108 692), Чин (82 719), Эрон (79 494) ва Туркия (78 546) дохил мешаванд.

Дар Украина низ теъдоди мубталоён зиёд шуда, давоми рӯз 444 ҳолати нав ошкор гардид. Дар маҷмӯъ шумораи беморон дар кин кишвар 5 106 нафар буда, аз онҳо 275 кас шифо ёфтаанд ва 133 нафар фавтидаанд.

Дар Арманистон шумораи гирифторони коронавирус 47 нафар зиёд шуда, 1248 касро ташкил медиҳад. Дар ин давлати минтақаи Қафқоз 523 нафар шифо ёфта, 20 каси дигар вафот кардаанд.

Дар дигар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) теъдоди беморони гирифтор ба COVID-19 бетағйир буда, дар Белорус 4 204 нафар, Молдова – 2 264, Қазоқистон – 1 593, Ӯзбекистон – 1 450, Озарбойҷон – 1 340 ва Қирғизистон 506 нафар мебошад.

Шумораи беморони шифоёфта ба ҷуз аз Қазоқистон, ки дар он аз 347 ба 361 нафар расид, дар дигар давлатҳо бетағйир буда, дар Озарбойҷон 528 нафар, Беларус – 342, Молдова – 276, Ӯзбекистон – 156 ва Қирғизистон – 130 нафарро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон дар Молдова  54 нафар беморони гирифтор ба коронавирус, Белорус – 40, Қазоқистон – 17, Озарбойҷон – 15, Қирғизистон – 5 ва Ӯзбекистон 4 нафар фавтидаанд.

Бояд тазаккур дод, ки миёни давлатҳои ИДМ то имрӯз танҳо дар Тоҷикистон ва Туркманистон ягон ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Афғонистони ҳамсоя низ шумораи мубталоён ба коронавирус 27 нафар зиёд шуда, 933 касро ташкил медиҳад, ки 132 нафари онҳо шифо ёфта, 30 тани дигар вафот кардаанд.

Мувофиқи маълумоти нави СҶБ, ҳамагӣ дар ҷаҳон 2 миллиону 258 ҳазору 725 нафар ба коронавирус гирифтор шудаанд, ки аз ин шумора 154 ҳазору 381 нафар вафот карда, 575 ҳазору 837 кас шифо ёфтаанд ва 57 ҳазору 133 тан дар ҳолати вазнин қарор доранд.

Созсони ҷаҳонии беҳдошт рӯзи 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон кард ва имрӯз дар бораи 210 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии "Diamond Princess" ва "MS Zaandam", ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.