Шаҳри Душанбе соҳиби Шоҳҷоизаи озмуни "Сайри гули лола" гардид

Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни гулҳо — "Сайри гули лола"  дар ҷумҳурӣ барпо гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 апр – Sputnik. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе имрӯз маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни гулҳо — "Сайри гули лола" дар ҷумҳурӣ барпо гардид.

Шоҳҷоизаи асосӣ ва ҷойи аввал ба шаҳри Душанбе ва ҷойи дуюм ба вилояти Хатлону Суғд сазовор дониста шуд.

Ҳамчунин аз рӯйи номинатсияҳои "Гулпарвари беҳтарин", "Гулгашту хиёбони беҳтарин", "Боғи фарҳангиву фароғатии беҳтарин", "Маҳаллаи беҳтарин" "Ноҳияи беҳтарин" ва дигар бахшҳо ғолибон муайян гардида, бо туҳфа ва сипоснома қадрдонӣ шуданд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".

Миллион ва 500 ҳазор гули лола дар Душанбе – видео

Дар маросим роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба баргузор намудани озмуни мазкур Абдуҷаббор Раҳмонзода, муовини якуми роҳбари Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ, Раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, намояндагони тамоми вазорату идораҳо, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва гулпарварони ҷумҳурӣ иштирок намуданд.