Ҳалокати 6 нафар ба асари сӯхторҳои се моҳи ахир дар Суғд

Дар паи ҳодисаҳои сӯхтор, ки давоми се моҳи охир дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд рух додааст, шаш кас ба ҳалокат расида ва аз ин ҳисоб бештар аз як милион сомонӣ хисороти молӣ расидааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Масъулини Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии Суғд мегӯянд, вуқӯъи инчунин ҳодисаҳо назар ба ин давраи соли гузашта 10 ҳолат афзуда, шумори ҳалокшудагон ҳам ду нафар зиёд будааст.

Корнамоии муҳоҷирони тоҷику ӯзбек дар Маскав: пиронсолонро аз сӯхтор наҷот доданд - навор

Ваҳҳоб Қаҳҳорзода, сардори шӯъбаи назорати давлатии бехтарӣ аз сӯхтор дар РХДО Суғд, ҳодисаҳои сӯхтор дар манзили сокинонро ба камтаваҷҷӯҳӣ ба ҷараёни кори асбобҳои барқию газӣ рабт дод.

“Зиёдшавии ҳодисаҳои нохуши сӯхтор асосан дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Спитамен, Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Айнӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ташвишовар он аст, ки дар ин сӯхторҳо шаш нафар фавтиданд, ки аз ин шумор ду ноболиғ мебошад”,- гуфт Қаҳҳорзода.

Сардори шӯъбаи назорати давлатии бехтарӣ аз сӯхтор дар Суғд, cӯхтори рӯзи 25-уми феврал дар манзилиРаҷабовҳо, сокинони ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро шарҳ дод, ки ба асари он, чор узви як оила падару модар ва ду кӯдаки онҳо фавтидаанд.

Маълум карда шуд, ки ин сӯхтор дар пайи нодуруст истифода бурдани таҷҳизоти барқӣ рух додааст, зикр кард, Қаҳҳорзода.

Сӯхтор дар беморхонаи Андиҷон, ки таҳти қарантина аст

Масъулини идораи сӯхторнишонӣ мегӯянд, аз 94 сӯхтори баамаломада дар қаламрави Суғд, ҳудуди 80 дарсади он дар манзили истиқоматии сокинон рух додааст, ки сабаби он беэҳтиётӣ ҳангоми истифодаи таҷҳизоти барқию газӣ будааст.

Дар ин давра дар натиҷаи ҳозир шудан ба маҳалли ҳодиса, сӯхторнишонҳо 8 нафарро аз коми оташ наҷот дода ва ба андозаи 10 милион сомонӣ молу ҷиҳози сокинонро наҷот додаанд.

РХДО Суғд мегӯяд, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби нозирони ин ниҳод бинобар вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор нисбати роҳбарон, шахсони масъул ва шаҳрвандон 334 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 180 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда, фаъолияти 79 иншоот ва 364 ҳуҷраҳо то бартараф намудани хавфи сар задани сӯхтор, боз дошта шудааст. Мақомот мегӯянд, баҳри пешгирӣ намудан аз ҳодисаҳои нохуши сӯхтор солона ду маротиба миёни аҳолӣ ва муассисаҳои ҷамъиятӣ маъракаи муҳофизатӣ барпо мекунанд.