Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ интихоб шуд

Аъзои Маҷлиси миллии Тоҷикистон даъвати шашум имрӯз дар ҷаласаи якумашон Рустами Эмомалиро раиси палатаи болоии парлумон интихоб карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik.  Дар ҷаласаи якуми Маҷлиси милллӣ, ки бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон баргузор шуд, узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим номзадии Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кард. 

Аҳмадзода ноиби якум ва Файзов ноиби Рустами Эмомалӣ: киҳо дар парлумон вазифа гирифтанд?

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш муҳокима ва дастгирӣ ёфт.

Сипас, тибқи моддаи 3-и дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ному насаби номзади пешниҳодгардида ба бюллетенҳои овоздиҳии пинҳонӣ ворид гардид.

"Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд", - омадааст дар иттилоия.

Пас аз интихоб гардидан ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ дар иҷлосия суханронӣ намуд.