Намозу ифтору идгардак манъ: Шӯрои уламо гуфт, пули ҳаҷу закотро чигуна сарф бояд кард

Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон, бо имзои як қарор намозҳои ҷамоат ва ҳамчунин таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳоро манъ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон зери имзои Абдулқодирзода аз 5 банд иборат буда, дар банди якумаш гузоридани намозҳои ҷамоат - панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳ дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият аз рӯзи 18 апрели соли 2020 мамнӯъ эълон шуд.

Дастури Раҳмон: аз танзими бозори асъор то сарфаи буҷа ва сабукиҳои андозию қарзӣ

Дар банди дуюм омадааст, ки дар моҳи Рамазон  баргузор намудани ҳар гуна ҷамъомад - таровеҳ, ифтор, идгардак ва дигар маъракаҳо манъ карда шавад.

"Закот, садақаи фитр ва дигар  хайрияҳо ба шахсони ниёзманд, ятимон, бепарасторон, маъюбон дода шавад. Шахсони саховатманд метавонанд садақа ва закоти худро барои пешгирии бемории сироятии мазкур ба суратҳисоби хазинаи махсус гузаронанд", - омадааст дар идомаи қарор.

Шӯрои уламо таъкид кардааст, шаҳрвандоне, ки нияти ҳаҷ доштанд, бо сабаби пурра баста шудани зиёрати хонаи Худо “Масҷид-ул-ҳарам” маблағҳои ба ин ният ҷамъкардаи худро, аввал дар корҳои ободонии хонаву дари хеш, баъдан, барои амалҳои хайру савоб, ба монанди овардани об, кандани чоҳ, сохтани пул ва дигар корҳои хайриявии деҳаву маҳалли худ, ки ҳар кадом садақаи ҷория мебошад, сарф намоянд. 

Дар идома омадааст, ки тавсияҳои табибон ва тадбирҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳангоми рӯзадорӣ ва дигар маросим қатъиян риоя карда шаванд.

Ин ниҳод афзудааст, ки вобаста ба рӯзадорӣ Шӯрои уламо тавсияҳои худро сари вақт омода карда, пеш аз саршавии моҳи мубораки Рамазон онҳоро ба тасвиб расонад.