Машварати Роспотребнадзор ба мутахассисони тоҷик оид ба коронавирус

Тақрибан 40 нафар кормандони мақомоти тандурустӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ташхисгоҳҳо дар конференсияи видео аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, ширкат карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Роспотребнадзор ба мутахассисони Тоҷикистон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон оид ба масъалаҳои марбут ба коронавирус машваратҳо дод. Машварат аз ҷониби ин ниҳоди Русия тариқи видеоконфронс баргузор гардидааст.

Номгӯи давлатҳое, ки дар он коронавирус нест: бештарашон ҷазираҳоянд

"Роспотребнадзор барои мутахассисони махсус аз Ҷумҳурии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тариқи видеоконфронси машваратӣ оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва назорати сирояти коронавирус гузаронид", - омадааст дар вебсайти агентӣ.

Гуфта мешавад, дар ин конференсияи видео тақрибан 40 нафар кормандони мақомоти тандурустӣ, ташкилотҳои илмӣ ва ташхисгоҳҳо аз кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, ширкат карданд

Ба иттилои манбаъ, мутахассисони Роспотребнадзор ва ташкилотҳои зерсохтори он таҷрибаи худро дар ташкили назорати эпидемиологӣ дар Русия ҳангоми эпидемияи коронавирус ба ҳамксбони бурунмарзияшон баррасӣ кардаанд.

Русия боз ба Тоҷикистон барои санҷиши коронавирус тест дод

Манбаъ мегӯяд, мутахассисони рус дар бораи озмоиши коронавирус, механизми пайгирии шахсони бо беморон дар тамосбуда, барномаҳои охирини мониторинги вазъи эпидемиологӣ сӯҳбат карда, инчунин ба саволҳои ҳамкасбони худ посух доданд.

Гуфта мешавад, Роспотребнадзор чунин машваратҳоро бо кишварҳои дигар низ идома хоҳад дод.

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид ва ҳоло дар ҷаҳон беш аз 2 миллион нафар гирифтори ин беморӣ гаштааст.

Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 11 - уми март, маризии коронавирусро пандемия эълон кард. Афзоиши мубталоён дар кишварҳо дар ҳолест, ки дар Чин, сарчашмаи ин вирус ҳолатҳои гирифторшавӣ ба он майли коҳиш дорад.