Гаравгонгирии кӯдак ва талаби 25 ҳазор доллар аз модараш дар Душанбе-видео

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳодисаи гаравгонгирии кӯдаки яксола ва талаби 25 ҳазор доллар аз модараш дар шаҳри Душанбе хабар дод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 апр – Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, ҳодиса 7 апрели соли равон дар маҳаллаи Теппаҳои шарқии ноҳияи Шоҳмансур рух дода, нафари ниқобпӯше тифлро гаравгон гирифта, аз модараш 25 ҳазор доллар талаб кардааст.

"Қатли сабзавотфурӯш аз ҷониби посбони 62-солаи меҳмонхонаи Эҳсон”-видеои ВУД

Аммо чун фаҳмидааст, ки соҳибхона ин миқдор маблағро пайдо карда наметавонад, ангуштаринҳою гӯшворҳояшро гирифта, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Мақомот мегӯянд, бо иттиҳоми  даст доштан дар ин роҳзанӣ Дустмуроди Убайдулло, истиқоматкунандаи 19-солаи маҳаллаи Теппаҳои шарқии ноҳияи Шоҳмансурро, ки қаблан бо иттиҳоми дуздӣ суд шудааст, дастгир гардид.

Дӯстмуроди Убайдулло дар гузориши нашркардаи ВУД нишон медиҳад, ки пеши дари хона кӯдаки гирёнро гаравгон гирифта, бо гузоштани корд дар синааш аз модараш 25 ҳазор доллар талаб кардааст.

Ба иттилои ВУД, баъди он ки муттаҳам фаҳмидааст, ки модари кӯдак наметавонад ин миқдор маблағро пайдо кунад, як ҷуфт гӯшвору ду ангуштаринро, ки арзиши умумиашон 5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷои ҳодиса фирор кардааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан таҳқиқи парвандаи ҷиноӣ алайҳи муттаҳам идома дорад.