Ҳамсари Муҳаммад Ғоиб даргузашт

Дар Тоҷикистон ҳамсари Муҳаммад Ғоиб адиби маъруфи тоҷик пас аз бемории кӯтоҳ нобаҳангом даргузашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 апр – Sputnik. Тавре сомонаи хабарии Pressa.tj дар истинод ба наздикони хонаводаи шоири маъруфи тоҷик хабар додааст, ҳамсари Муҳаммад Ғоиб пас аз бемории кӯтоҳ нобаҳангом аз олам чашм пӯшид.

Шеъри "Айнӣ"-и Муҳаммад Ғоиб дар озмуни Вазорати фарҳанг пирӯз шуд

Бино бар иттилои манбаъ, номбурда зани ҳалиму хоксор ва ҳамрозу хидматгузори Муҳаммад Ғоиб буд. Марҳум ҳамсари дуввуми шоир буд, ки пас аз марги оилаи аввалаш бо шоир хонадор шуд.

Бояд қайд кард, ки Муҳаммад Ғоиб — Шоири халқии Тоҷикистон (2001), дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ (2008) ва Ҷоизаи адабии ба номи Чингиз Айтматов (2019) буда, бо ашъори дилнишини ватандӯстонааш миёни хонандагон маҳбубият дорад.

Муҳаммад Ғоиб муаллифи зиёда аз 40 асар, аз ҷумла "Турнаҳо", "Роҳи деҳа","Фарёди ёдҳо", "Меҳри гиёҳ", "Хоки ватан", "Гавҳари меҳр", "Нури дида", "Боми сипеҳр", "Гумгаштапайдо", "Роҳи каҳкашон","“Пойгаҳ","“Ватани Наврӯз", "Фархундапай", "Шоҳи Ҳамадон", "Сад ғазал", "Поси ошноӣ", "Парчами нанг","Девон", "Каъбаи дил",  "Подарок" (бо забони русӣ), "Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст" ва ғайра мебошад.

Ҳамчунин якчанд очерку новеллаҳои телевизионӣ ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Драмаҳои машҳури "Шоҳи Ҳамадон", "Мири Кабир","“Имоми Аъзам","Арвоҳзада","Зиндамаргон", "Волидони беворис", филмномаҳои "Гумгаштапайдо", "Пуштаи хандақпеч", "Ҳасрати дидор","“Вафодор" ва ғайра зодаи эҷоди ӯянд.

Соли 1999 бо ордени "Шараф" сарфароз гардонида шуд. Ӯ соли 2001 соҳиби унвони Шоири халқии Тоҷикистон, соли 2008 соҳиби Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, соли 2012 дорандаи медали ҷашнии "100-солагии матбуоти тоҷик" ва соли 2013 барандаи Ҷоизаи ба номи Шамсиддин Шоҳин гардид.