Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Вазъияти COVID-19: дар Душанбе гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ манъ шуд

Бино бар вазъияти бамиёномадаи вобаста ба коронавирус, дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ манъ гашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 — Sputnik.  Шаҳрдории Душанбе эълон намудаааст, ки бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва ҳифзи  солимии  аҳолӣ гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои оммавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт дар шаҳри Душанбе манъ карда мешавад.

Базму тарона дар Душанбе: имсол ҳам Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад
Мақомомти шаҳри Душанбе таъкид доштанд, ки ин тасмимро бо мақсади солимии сокинон ва меҳмонони пойтахт барои пешгирӣ аз паҳншавии  сирояти COVID 19  роҳандозӣ намуд.

“Чун анъана ҳамасола дар Рӯзи пойтахт дар чор ноҳияи  шаҳр,  бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни фарҳангию варзишӣ  баргузор мегардиданд. Ҳамчунин дар ин рӯз  озмунҳои касбии соҳаи тандурустӣ ва маорифи  шаҳри Душанбе — «Беморхонаи сол», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол», «Табиби сол», «Табиби оилавии сол», «Корманди миёнаи тибби сол», «Мураббии сол», «Омӯзгори сол», «Хонандаи сол» ва дигар озмунҳои шаҳрӣ ҷамъбаст гардида, ғолибони он бо мукофотҳои муқаррарнамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти шаҳри Душанбе сарфароз гардонида мешуданд. Вале бо дарназардошти вазъияти баамаломада, имсол  дар ин рӯз  дар пойтахт  гузаронидани маъракаҳои серодам  ва дигар чорабиниҳои оммавӣ манъ гардид, - таъкид доштааст шаҳрдорӣ.

Алайҳи коронавирус: Қаҳрамонии бокси Осиё дар Ҳиндустон баргузор мешавад

«Имсол маросими  ҷоизасупорӣ ба  ғолибони озмунҳои касбии соҳаи тандурустию маориф ва дигар озмунҳои шаҳрӣ  бе оростани ҷамъомади тантанавӣ сурат мегирад», -афзуд манбаъ.