Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифовро барои як сол зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасии парвандаи ҷиноятии рӯзноманигори тоҷик Далер Шарифовро ба охир расонида, имрӯз, 16-уми апрел ӯро барои як сол равонаи зиндон кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Ба нақл аз сомонаи рӯзномаи “Фараж” дар мурофиаи навбатӣ, ки нимаи аввали имрӯз баргузор гардид, айбдоркунандаи давлатӣ барои хабарнигори тоҷик 2 солу 4 моҳи маҳрумӣ аз озодӣ талаб кард, аммо вакили дифоъ Абдураҳмон Шарипов хостори озод кардани зерҳимояаш аз толори суд шуда буд.

Таъхири мурофиаи додгоҳии рӯзноманигори боздоштшуда Далер Шарифов

Манбаъ қайд кардааст, ки имрӯз ҳам, чун мурофиаҳои қаблӣ, ҷамъи хабарнигорон ба толори суд роҳ дода нашуданд.

Судяи парванда ин тасмимро бар асоси тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, барои пешгирӣ аз сирояти коронавирус гирифта будааст.

Далер Шарифов рӯзи 28-уми январи соли равон аз ҷониби мақомот боздошт шуда буд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 1-уми феврал изҳорот нашр кард, ки дар он гуфта мешуд, Далер Шарипов дар солҳои 2013-2019 беш аз 200 мақолаи “дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд”.

Дар ҳамин ҳол, худи Далер Шарифов ва пайвандонаш иттиҳомоти мазкурро бепоя медонанд ва гуфтанд, ки ҳамчун як рӯзноманигори мустақил мақолаҳои танқидӣ менавишт, ва узви ҳеҷ созмоне нест ва бо ифротгароён робитае ҳам надорад.