ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Бо қарори раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Раҳмонзода Абдулғафор Азиз муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Ба иттилои котиботи президенти Тоҷикистон, ҳамзамон Саидвализода Барно Саиднабӣ сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шариф Раҳимзода - директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шуданд.
Боз таъиноти кадрӣ: Раҳмон масъулини Ҳукумат, вазорат ва додситони куллро ҷо ба ҷо кард
Зимнан, бо амри роҳбари давлт, Оқилзода Нурулло мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Риозода Нуралӣ Раҳмоналӣ - муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди президент таъйин шуданд.
Гузашта аз ин, мудири Муассисаи давлатии маҷмааи "Кохи Ваҳдат" ба дӯши Исмоилзода Ёқуб Борон вогузошта шуд.
Бо амри Эмомалӣ Раҳмон, Ҳайдарзода Анвар Ҳайдар машваратчии шуъбаи амнияти ҷамъиятии котиботи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин шуд.
Манбаъ меафзояд, раисҷумҳури Тоҷикистон аз ҳамаи кадрҳои ба вазифаҳои хизмати давлатӣ таъиншуда, хизмати софдилона ба халқу ватан талаб намуд.