Паёмак аз Ожонси зидди фасод: ба коррупсия дучор шудед, зуд муроҷиат кунед

Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо ирсоли паёмак тариқи телефонҳои дастӣ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар ҳоли дучор шудан ба амалҳои коррупсионӣ ба ин мақомот хабар диҳанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр – Sputnik. Дарпаёми Ожонси зидди фасод ба шаҳрвандон тавассути ширкатҳои мухобиротӣ рақами телефон ва суроғаи электронӣ барои муроҷиат нишон дода шудааст.

Олимзода: ба пизишкони вобасташуда маоши иловагӣ дода мешавад

“Ҳангоми бо ҳолатҳои коррупсионӣ дучор омадан ба мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути телефони боварии 224-23-23 ё почтаи электронии info@anticorruption.tj муроҷиат намоед!”, - омадааст дар паёмаки телефонӣ.

То ин замон ҳам бо насби тоблӯҳои хос, Ожонси мубориза бо коррупсия дар роҳу кӯчаҳои шаҳру навоҳии кишвар сокинонро даъват мекард, ки барои муқовимат бо фасод, фаъолона ширкат варзанд.

Ин ниҳод ахиран дар ҷамъбасти фаъолияти солонаи худ дар соли 2019 ба рӯзноманигорон гузориш дод, ки барои бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ ва шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда аз ҷониби кормандони ин ниҳод 1581 пешниҳод ирсол гардид.

Қарори Ҳукумат: аз бақайдгирӣ то имкони қатъи кори телефонҳою дастгоҳҳои мобилӣ

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷаи баррасии онҳо нисбати 480 нафар огоҳӣ, 420 нафар сарзаниш, 557 нафар танбеҳ татбиқ гардида, 249 нафари дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шудаанд.

“Дар ин давра аз тарафи воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1084 ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардида, нисбати ҳуқуқвайронкунандагон ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ ҷарима татбиқ карда шудааст”, - иттилоъ дода Ожонс.

Мақомот мегӯянд, муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистон танҳо вазифаву масъулияти ин як ниҳоди давлатӣ нест, балки барои решакан кардани фасод иштироки ҳар як шаҳрванд бағоят муҳиму муассир аст. Аммо баъзе коршиносон мегӯянд, решаи коррупсия дар Тоҷикистон аз боло об мехурад ва барои хушкондани он дасти сокинони оддӣ намерасад.