Наздики 50 ҳазор бемори коронавирус дар Эрон шифо ёфтанд

Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон эълом кард, то кунун 49 ҳазору 933 нафар аз мубталоён ба вируси корона дар кишвар беҳбуд ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Киёнӯши Ҷаҳонпур, раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии Вазорати беҳдошти Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар гуфтугӯ бо хабарнигорон, аз раванди нузулии ибтило ба вируси корона дар кишвар гуфт.

Мутахассиси ӯзбек шарҳ дод, ки чаро дар Тоҷикистон коронавирус нест

"Дар 24 соати гузашта ва бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, 1 ҳазору 512 бемори ҷадиди мубтало ба ковид - 19 шиносоӣ шудаанд, ки дар маҷмуъ теъдоди афроди мубтало ба ин вирус дар кишвар ба 76 ҳазору 389 нафар расидааст", - хабар додаст "Парстудей" аз қавли Ҷаҳонпур.

Ҷаҳонпур бо ишора ба фавти 94 бемори дигар дар 24 соати гузашта афзудаст, ки дар маҷмуъ аз замони шуюъи вируси корона дар Эрон то кунун 4 ҳазору 777 нафар ҷони худро аз даст додаанд.

Хабаргузорӣ афзудааст, мардуми Эрон низ дар саросари кишвар бо роҳандозии размоиши саросарӣ кумаки муъминона барои хидматрасонӣ ба ниёзмандон ва ақшори осебдида аз бемории корона ва афроде, ки кори худро бар асари шуюъи ин вирус аз даст додаанд, вориди амал шудаанд.

Теъдоди афроди мубтало ба вируси корона дар ҷаҳон рӯзи чаҳоршанбе ба беш аз 2 миллион нафар расидааст, ки аз ин теъдод дастикам 127 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва ҳудуди 490 ҳазор нафар низ беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо мураххас шудаанд.